Санаи 14-уми ноябри соли 2022 дар асоси нақша-чорабиниҳои КИ ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан ҷиҳати истиқболи сазовори 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президент дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №59 байни омӯзгорон ва хонандагон вохӯрӣ баргузор гардид, ки дар он мудирони шӯъбаи иттилоот ва таблиғот Абдуваҳобова М. ва бахши ҷавонон Б.Олимҷонов иштирок намуданд.
Вохӯриро омӯзгори МТМУ №59 Абдураҳмонова М. ифтитоҳ намуда, суханро ба намояндагони КИ ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан вогузор намуд. Масъулин дар баромадҳои худ оид ба нақши Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳми Пешвои миллат дар таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати тоҷикон, баланд бардоштани ҳисси худогоҳию худшиносии ҷавонон, ҷалби ҷавонон ба хизмати Ватан-Модар ва бо ин васила пешгирӣ намудани падидаҳои номатлуб байни наврасон ва ҷавонон, аз қабили шомилшавии онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ ва таълимоти ғайрирасмии наврасон ва пешгирии бемориҳои сироятии хавфнок сухан рафт.
Ҳамчунин, зикр гардид, ки маҳз ин Иҷлосияи тақдирсоз буд, ки хатари пош хӯрдани Тоҷикистон ва парокандагии миллатро пешгирӣ намуд, самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷиро муайян сохта, барои ҳамкориҳои судманд бо кишварҳои ҷаҳон роҳ кушод.