Рубрики
Uncategorized

Истаравшан: Вохӯрии тарғиботчиён бо бонувон

Ҳайати гурӯҳҳои тарғиботии КИ ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан бо занони кумитаи маҳаллаи “Имоми Аъзам” вохӯрӣ намуда ҷиҳати пешгирии шомилшавии шаҳрвандон, хоса ҷавонону занон ба гурӯҳҳои ифротгароӣ, пешгирии таълимоти ғайрирасмӣ, риояи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо”, муқаддас доштани арзишҳои миллӣ, баргузор намуданд. Дар вохӯрӣ вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Истаравшан аз ҲХДТ Мӯътабар Раҳматова, мудири бахши кор бо занони КИ ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан Истатой Ҷумъаева роҳҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ва занонро ба гурӯҳҳои ифротӣ шарҳ дода, аз бонувон даъват ба амал оварданд, ки ба тарбияи фарзандон ҷиддӣ машғул шаванд ва барои тозаю озода намудани маҳалли истиқоматии худ ҳиссаи арзанда гузоранд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *