Рубрики
Асосӣ

ИСТАРАВШАН: Вохӯриҳо бо сокинони ҷамоати деҳоти Нофароҷ

Дар асоси нақшаи муштараки ҲХДТ ва Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Ҷамоати деҳоти Нофароҷ  вохӯрии  мудири шӯъбаи тарғибот ва иттилооти КИМ ҲХДТ Ширинбоев Садриддин, ёрдамчии директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидшоҳзода Шаҳбоз ва раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан Мирзозода Комил Шариф  бо аъзоёни фаъоли ҳизб, ходимони дин ва сокинони ҷамоати деҳоти “Нофароҷ” оид ба пешгирӣ аз ифротгароӣ, тарғиби таҳаммулпазирӣ ба баланд бардоштани сатҳи худшиносии миллӣ дар байни ҷавонон баргузор гардид.

         Чорабиниро раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан Мирзозода Комил Шариф ифтитоҳ намуда, меҳмононро хайрамақдам гуфт. Ӯ зимни суханрониаш зикр намуд, ки омили муҳимтарини ҳастии миллат, ҳувияти миллӣ сарчашмаи тамоми хушбахтиҳо ва ваҳдати миллату пешрафти ҷомеа ин аз муттаҳид будани халқи Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

         Нигоҳ доштани сулҳу субот, ҳимояи марзу буми кишвар, риояи талаботҳои қонунҳои амалкунанда, пос доштани анъанаҳои неки ниёгон вазифаи муқаддаси ҳар яки мову Шумо ба ҳисоб меравад. Мо қишри фаъоли ҷомеаро зарур аст, ки дар байни аҳолӣ, хусусан ҷавонону наврасон корҳои фаҳмондадиҳиро дар самти пешгирӣ аз ифротгароӣ, тарғиби таҳаммулпазирӣ ва баланд бардоштани сатҳи худшиносии миллӣ пурзӯр намуда, мардумро ва алалхусус ҷавонро ба роҳи рост ҳидоят намоем.

         Сипас, мудири шӯъбаи тарғибот ва иттилооти КИМ ҲХДТ Ширинбоев Садриддин, ёрдамчии директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидшоҳзода Шаҳбоз оиди мавзӯи мазкур баромадҳои таъсирбахш намуда, мардумро даъват намуданд, ки баҳри таҳкими пояҳои давлатдорӣ, таъмини сулҳу суботи кишвар, марзу буми Ватан, рушди илму маориф ва пешрафти дигар соҳаҳои ҳаёти хоҷагӣ саҳмгузор бошанд.

         Воқеан имрӯзҳо дар байни аҳолӣ нафароне ёфт мешаванд, ки ба қадри сулҳу субот ва ободиву шукуфоии мамлакат нарасида, даст ба ҳар гуна амалҳои номатлуб мезананд.

         Пешрафти ҷомеа дар тамоми соҳаҳо аз тинҷию оромӣ вобастагии зиёд дошта, муттаҳиддиву иттифоққии ҷомеа, алалхусус ҷавонон асоси он ба шумор меравад. Нагузорем, ки нохалафон ба тинҷию оромии Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо халал расонида, ҷавонони моро бо ҳар гуна роҳу воситаҳо гумроҳ кунанд.

         Ҳамчунин аз байни иштирокчиён якчанд нафар андешаҳои худро бобати мавзӯъи дар боло зикргардида баён намуда, изҳор доштанд, ки бояд дар ин самт корҳои тарғиботӣ-ташвиқотро дар байни ҷомеа пурзӯр намоем ва пеши роҳи онро сари вақт гирифта, аз як гиребон сар бароварда баҳри пойдории сулҳ, рушду нумӯъ ва пешрафту тараққиёти ватани маҳбубамон саҳмгузор бошем. Дар охири ҷамъомад раиси ҷамоати деҳоти “Нофароҷ” Фирӯз Ҳакимзода баромад намуда, андешаҳои худро бобати мавзӯи дар боло зикршуда баён намуд ва изҳор кард, ки корҳои тарғиботӣ ва ташвиқотиро дар ин самт пурзӯр менамоянд ва баҳри пойдории сулҳ, рушду нумӯъ ва пешрафту тараққиёти Ватани маҳбубамон саҳми арзанда мегузоранд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *