Рубрики
Асосӣ

Истаравшан: Вохӯриҳо бо сокинон

Ҳайати гурӯҳи тарғиботии КИ ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан ҷиҳати ба сокинон фаҳмонида додани аҳамияти таърихии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи иқдоми Албом-эстафета таҳти унвони “30 – соли созандагӣ бо Пешвои муаззами миллат” бо фаъолони ҷамоати деҳоти Гули Сурх сӯҳбат оростанд.

Дар сӯҳбат аҳамияти таърихии Иҷлосияи XVI дар раванди давлатдории халқи тоҷик, саҳми Пешвои муаззами миллат дар шукуфоии диёр ва таҳкими сулҳу субот ва дигар дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолии кишвар, ки бо номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқаи ногусастанӣ дорад, сухан рафт.

Дар асоси нақша – чорабинӣ вохӯриҳо идома дорад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *