Рубрики
Uncategorized

Истаравшан: Вохӯриҳо идома дорад.

         Дар МТМУ №7 вохӯрии раиси ТҶҶ “Созандагони Ватан” Аслиддин Расулов ва мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Истаравшан Аскар Ҳотамов         бо хонандагон ва падару модарон ҷиҳати пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва таълимоти ғайрирасмӣ, иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз барпо гардид.

         Дар вохӯрӣ тарғиботчиён омилҳои шомилшавии ҷавононро ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва пешгирии он шарҳ доданд. Ҷавонон дар ҷавоб иброз намуданд, ки пайрави Пешвои миллат буда, ба ҷавоби ғамхориҳои Сарвари давлат бо баҳои хубу аъло таҳсил менамоянд ва Ватани худро самимона дӯст медоранд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *