Рубрики
Асосӣ

ИСТАРАВШАН: ВОХӮРӢ БО ИНТИХОБКУНАНДАГОН

         Имрӯзҳо вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҲХДТ аз ҳавзаи интихоботии №35 Кенҷабой Додобоев бо интихобкунандагон вохӯрию мулоқотҳо доир намуда истодааст. Дирӯз ӯ аз рӯи нақша бо сокинони ҷамоати деҳоти Нофароҷ, деҳаи Навобод мулоқот доир намуд. Дар вохӯрӣ муовини раиси шаҳр Ф.Мӯъминзода, мудири шӯъбаи тарғибот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан М.Абдуваҳҳобова, сокинон-интихобкунандагони деҳаи Навобод иштирок доштанд.

         Кенҷабой Додобоев дар байни интихобкунандагон баромад намуда, дар бораи иҷрои Барномаи пешазинтихоботии худ маълумот дод. Инчунин ҷиҳати иҷрои Қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо”-ро аз сокинон талаб кард. Даъват ба амал овард, ки бар тарбияи ватандӯстии фарзандонаш эътибори ҷиддӣ диҳанд. Зеро Ватан модари муқаддаси ҳар яки мо буда, ҳифзи он воҷиб аст. Дар руҳияи хештаншиносӣ ва ватандӯстӣ тарбия намудани фарзандон вазифаи ҷонии падару модарон ва омӯзгорон мебошад.

         Дар вохӯрӣ ба вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд К.Додобоев саволҳо дода, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд. Вохӯрӣ хотирмон гузашт.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *