Рубрики
Асосӣ

Истаравшан: Вохӯрӣ бо омӯзгорон

Дар асоси нақшаи муштараки ҲХДТ ва Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори МИҲД-и шаҳри Истаравшан вохӯрии директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Холиқзода Абдураҳим Ғаффор, раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд муҳтарам Исмоилзода З.М., мудири шӯъбаи тарғибот ва иттилооти КИМ ҲХДТ Ширинбоев Садриддин, ёрдамчии директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидшоҳзода Шаҳбоз ва муовини раиси шаҳр Мӯъминзода Фирӯза бо директорон ва муовинони директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, кормандони раёсати маориф оид ба пешгирӣ аз ифротгароӣ, тарғиби таҳаммулпазирӣ ба баланд бардоштани сатҳи худшиносии миллӣ дар байни ҷавонон баргузор гардид.

         Чорабиниро раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд муҳтарам Исмоилзода З.М. ифтитоҳ намуда, меҳмононро хайрамақдам гуфт. Ӯ зимни суханрониаш зикр намуд, ки омили муҳимтарини ҳастии миллат, ҳувияти миллӣ сарчашмаи тамоми хушбахтиҳо ва ваҳдати миллату пешрафти ҷомеа ин аз муттаҳид будани халқи Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

         Нигоҳ доштани сулҳу субот, ҳимояи марзу буми кишвар, риояи талаботҳои қонунҳои амалкунанда, пос доштани анъанаҳои неки ниёгон вазифаи муқаддаси ҳар яки мову Шумо ба ҳисоб меравад. Мо қишри фаъоли ҷомеаро зарур аст, ки дар байни аҳолӣ, хусусан ҷавонону наврасон корҳои фаҳмондадиҳиро дар самти пешгирӣ аз ифротгароӣ, тарғиби таҳаммулпазирӣ ва баланд бардоштани сатҳи худшиносии миллӣ пурзӯр намуда, мардумро ва алалхусус ҷавонро ба роҳи рост ҳидоят намоем.

         Сипас, мудири шӯъбаи тарғибот ва иттилооти КИМ ҲХДТ Ширинбоев Садриддин, директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Холиқзода Абдураҳим Ғаффор оиди мавзӯи мазкур баромадҳои таъсирбахш намуда, роҳбарон ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиро даъват намуданд, ки баҳри таҳкими пояҳои давлатдорӣ, таъмини сулҳу суботи кишвар, марзу буми Ватан, рушди илму маориф ва пешрафти дигар соҳаҳои ҳаёти хоҷагӣ саҳмгузор бошанд ва ҷавонон, насли наврасро дар руҳияи Ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ тарбия намоянд.

         Воқеан имрӯзҳо дар байни аҳолӣ нафароне ёфт мешаванд, ки ба қадри сулҳу субот ва ободиву шукуфоии мамлакат нарасида, даст ба ҳар гуна амалҳои номатлуб мезананд.

         Пешрафти ҷомеа дар тамоми соҳаҳо аз тинҷию оромӣ вобастагии зиёд дошта, муттаҳиддиву иттифоққии ҷомеа, алалхусус ҷавонон асоси он ба шумор меравад. Нагузорем, ки нохалафон ба тинҷию оромии Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо халал расонида, ҷавонони моро бо ҳар гуна роҳу воситаҳо гумроҳ кунанд.

Сардори раёсати маорифи шаҳри Истаравшан Пӯлотова Гулрӯ андешаҳои худро бобати мавзӯъи дар боло зикргардида баён намуда, изҳор намуд, ки бояд дар ин самт корҳои тарғиботӣ-ташвиқотро дар байни толибилмони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва падару модарони онҳо пурзӯр менамоянд ва пеши роҳи падидаҳои номатлуб сари вақт гирифта мешавад.

Иштирокдорони мулоқот аз баромадҳои нотиқон таасуроти хуб бардошта ба ташаббускорони чорабинӣ арзи сипос намуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *