Рубрики
Uncategorized

Истаравшан: Вохӯрӣ дар муассиса

Тибқи нақша-чорабинии КИ ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан вохӯрии ҳайати гурӯҳи тарғиботӣ ҷиҳати амалӣ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва таълимоти ғайрирасмӣ, гиромидошти арзишҳои миллӣ бо падару модарон ва хатмкунандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи №1 ба номи Н.Қодиров вохӯрӣ доир намуданд.

Дар вохӯрӣ мудири шӯъбаи тарғибот ва иттилооти Кумитаи иҷроия М.Абдуваҳҳобова, сардори раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Ш.Маърупова, корманди бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Истаравшан М.Ҳакимова ширкат варзиданд.

Баъд аз баромади тарғиботчиён хонандаи синфи Х-и муассиса, гирандаи идрорпулии Президенти мамлакат Юсуфҷон Алимбеков баромад намуда, аз номи ҷавонон изҳор намуд, ки Ватан-модари худро самимона дӯст медоранд ва пайрави арзандаи Пешвои миллат мегарданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *