Рубрики
Uncategorized

Истаравшан: Дарси кушоди тарбиявӣ

         Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3, ба номи Мирзо Бобоҷонов дар синфи 9, ки роҳбарии ин синфро устоди соҳибтаҷриба ва хушсалиқа аъзои фаъоли ҲХДТ Махсуда Орифова ба ӯҳда дорад, соати кушоди тарбиявӣ дар мавзӯи “Нақши китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров дар ҳаёти ман” гузаронида шуд.

         Соати тарбиявӣ бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид. Сипас хонандагон иштирокчиёни ҷамъомадро бо ҳаёт ва фаъолияти Бобоҷон Ғафуров шинос карданд. Саҳнаи дар бораи ҳаёти давраи ҷавонии устод пешниҳодкардаи хонандагон дониши ҳозиринро дар бораи ҳаёти ин аллома ғанитар гардонид.

         Толибилмон аз рӯи фаслҳои китоби “Тоҷикон” ба гурӯҳҳо ҷудо шуданд ва иштирокчиёни ҳар гурӯҳ мазмуни бобҳои китобро дар алоҳидагӣ маънидод карданд. Дар умум иштирокчиён дар бораи ҳамаи  бобҳои китоб маълумот гирифтанд.

         Инчунин хотири иштирокчиёнро саҳнаи пешниҳодкардаи хонандагон аз ҳаёти Дилшоди Барно хеле мутаассир гардонид, зеро дар он лаҳзаи вохӯрии шоира бо амир инъикос ёфта буд. Дар рафти дарс толибилмон дар васфи Пешвои миллат, Ватан, шукри даврони истиқлол шеърҳо қироат карданд.

         Дар охир хонандагон суруди “Қасам”-ро якҷоя сароида, бо ин эҳтироми зиёдашонро ба Ватан-модар изҳор намуданд. Соати тарбиявиро директори муассиса Пӯлотов Содиқ ҷамъбаст намуда, ба муаллима Орифова Махсуда ва хонандагони синфи 9а миннатдории худ ва маъмурияти муассисаро баён намуд.

         Сармуҳаррири нашрияи “Афкори халқ” М.Абдуваҳҳобова дар охир баромад намуда, зикр намуд, ки гузаронидани соатҳои тарбиявӣ аз рӯи шоҳасари Бобоҷон Ғафуров аз аҳамият холӣ набуда, дар ниҳоди хонандагон ҳисси баланди ватандӯстӣ ва эҳтироми бузург ба арзишҳои миллиро бедор менамояд. Хонандагон бо таърихи миллати худ, фарзандони далеру фарзонаи он аз наздик шинос мегарданд.

Барои меҳнати садоқатмандона ва тарғиби ҳадафҳои созандаю ободкоронаи ҲХДТ муаллима Орифова Махсуда бо Сипосномаи КИ ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан қадрдонӣ карда шуд.  

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *