Рубрики
Асосӣ

ИСТАРАВШАН: Корҳои тарғиботӣ ҷоннок карда мешавад

Бо ташаббуси кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан ҷиҳати пешгирии бемории сироятии COVID-19 дар бозори марказӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, ба сокинон ва шаҳрвандони шаҳри Истаравшан варақаҳои тарғиботӣ ва ниқобҳои муҳофизатӣ дастрас карда шуд. Зимни гузаронидани корҳои фаҳмонидадиҳӣ аз шаҳрвандон даъват ба амал оварда шуд, ки ба саломатии хеш бе аҳмият набошанд ва дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ниқоби муҳофизатӣ ва масофаи иҷтимоиро риоя намоянд.  Ҳамзамон ба шаҳрвандон оид ба бемории сироятии COVID-19 маълумоти мухтасар дода шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *