Имрӯз бояд мо ба қадри сулҳу осудагии кишвари азизамон бирасем, фирефтаи фитнаҳои нохалафон, ки ба зиндагии хубу зебои мо ҳасад мебаранд ва тинҷию осудагиро чашми дидан надоранд, набояд шуд.
Бузургони бохиради мо гуфтаанд: “Сулҳ беҳ аз ҷангу доварӣ”. Мардуми тоҷик солҳои навадум аллакай заҳри қотили ҷанги бародаркуширо чашидааст ва дигар намохоҳад, ки он рӯзҳо баргардад. Як пора нони дар тинҷию амонӣ хӯрда беҳ аз ваъдаҳои бардурӯғу фирабандаи хоинон!
Боварӣ дорем, ки мардуми сарбаланди Бадахшон ба суханони хоинони миллат бовар намекунанд ва ақли солими худро раҳнамои кору пайкорашон менамоянд ва он ғалаба мекунад.
Мардуми сарбаланди Бадахшон! Сулҳу осудагии кишвар ба осонӣ ба даст наомадааст, ба қадри он бояд бирасем. Хиёнаткору ҷинояткор бояд ҷазояшро бубинад.