Рубрики
Uncategorized

Истаравшан: Маҳфили “Пайванди наслҳо”

Бо ташаббуси шӯрои собиқадорони ҲХДТ (раисаш М.Абдуваҳҳобова) дар шаҳри Истаравшан дар кумитаи маҳаллаи “Суғдиён”, дар бинои Литсейи касбӣ-техникӣ маҳфили “Пайванди наслҳо” баргузор гардид. Дар маҳфил собиқадорони ҳизб ва меҳнат, иштирокчиёни муҳорибаҳои сохти конститутсионӣ, иштирокчиёни набардҳои Афғонистон, полковник Олимов Мирзо, полковник Шарифҷон Иброҳимов, Ҳотам Ҷумъаев, Нуриддин Тӯйчиев, Мирбақо Маъруфов, собиқ депутатҳои Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуринисо Қобилова ва Нурхон Қобилова, муовини раиси Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнати шаҳри Истаравшан Ҳабибулло Нарзуллоев бо ҷавонони маҳаллахона мулоқот оростанд. Дар суханрониаш Олимов Мирзо дар бораи иштирокаш дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иброҳимов Шарифҷон бошад, дар бораи чун сарнишини ҳавопаймо дар Афғонистон хизмат намуданаш нақл кард, ки ба ҷавонон таассуроти бойе боқӣ гузошт. Қобилова Нуринисо бошад, дар бораи иштирокаш дар Анҷумани ХХV ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ ва вохӯриаш бо сарвари давлати собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ М.Брежнев сухан ронд. Ӯ зикр намуд, ки ҳамаи эҳтирому эътибори ӯ туфайли меҳнати ҳалолаш мебошад. Дар баромадҳояшон Тӯйчиев Нуриддин, Нарзуллоев Ҳабибулло, Маъруфов Мирбақо, Воҳидова Мусаллама ҷавононро ба дӯст доштани Ватан ва омода будан ба ҳифзи марзу буми он даъват намуданд. Аз номи ҷавонон Ҳусейнов Расул баромад намуда, ваъда дод, ки кору пайкори падарони шӯҳратманди худро идома медиҳанд. Дар охири маҳфил ба як қатор ҷавонон, ки ба тозагӣ ба сафи ҲХДТ аъзо шудаанд, шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *