Тибқи нақшаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан барпо гардид.
Дар кори ҷаласа раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд муҳтарам Исмоилзода Зуфар Муртазохон, раиси шаҳри Истаравшан муҳтарам Маъмурзода Адҳам Маъмур, аъзои кумитаи иҷроия, фаъолони ҳизб ширкат варзиданд. Дар маҷлис чор масъала мавриди муҳокима қарор гирифт. Аз рӯи масъалаи якум ҳозирин маърӯзаи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан Мирзоев Комил Шарифовичро шуниданд. Ӯ дар бораи фаъолияти Кумитаи иҷроия дар шаш моҳи соли равон сухан ронда, вазифаҳои ҳизбиёни шаҳрро дар нимсолаи дуюм гуфта гузашт. Аз рӯи масъалаи дуюм раиси ташкилоти ибтидоии ҷамоати деҳоти «Зарҳалол» Умарова Гулрухсор Дар бораи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот дод. Муовини раиси ситоди «Обуна-2020» Муаззама Абдуваҳҳобова бошад дар бораи рафти обуна ба нашияҳои ҳизбӣ байни ҳизбиёни шаҳри Истаравшан сухан ронд. Аз рӯи ин масъала аъзои Кумитаи иҷроия Тоҷинисо Ҳамдамова. Афзуналӣ Абдураҳмонзода, Тоҳир Акрамов, Матлуба Мухторова баромад карданд. Раиси шаҳри Истаравшан муҳтарам Адҳам Маъмурзода ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд муҳтарам Исмоилзода Зуфар Муртазохон баромад намуда, фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истаравшанро таҳлил намуданд ва даъват намуданд, ки Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан камбудиҳои ҷойдоштаро сари вақт бартараф намуда, баҳри таҷлили ҷашни бузурги миллат 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо тӯҳфаҳои арзанда ҳамаи кӯшишу ғайрати худро сарф намояд. Аз рӯи масъалаи чорум аъзои Кумитаи иҷроия як қатор қарорҳои ташкилоти ибтидоиро ҷиҳати қабул ба сафи ҲХДТ тасдиқ намуданд.