Рубрики
Uncategorized

Истаравшан: Мулоқоти тарғиботчиён

         Тибқи нақша-чорабинии КИ ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан вохӯрии ҳайати гурӯҳи тарғиботӣ бо падару модарон ва омӯзгорону хонандагони гимназияи №2 ҷиҳати пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва таълимоти ғайрирасмӣ, амалӣ гардонидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз баргузор гардид.

         Вохӯриро бо сухани ифтитоҳӣ равоншиноси муассиса Аминҷон Инъомбоев ҳусни оғоз бахшид. Ҳайати гурӯҳ  М.Абдуваҳҳобова – сармуҳаррири нашрияи “Афкори халқ”, Мадина Ҳакимова – мутахассиси пешбари бахши кор бо ҷавонон дар назди иштирокчиён доир ба масъалаҳои пешниҳодшуда фикру ақидаҳои худро иброз намуданд.

         Дар вохӯрӣ хонандаи синфи Х-и муассиса Фаридун Ёқубов аз номи ҷавонон баромад намуда, зикр намуд, ки ба ҷавоби ғамхориҳои Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти мамлакат, ки тамоми шароитҳоро барои хондану ҳунаромӯзии ҷавонон муҳайё намудаанд, бо хониши хубу аъло ва интизоми намунавӣ ҷавоб мегардонанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *