Ҳайати гурӯҳи тарғиботии КИ ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан ҷиҳати ба сокинон дастрас намудани муҳтавои Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ, фаҳмонидани моҳияти эмкунӣ аз бемории “Ковид-19”, рӯзи таъсисёбии Артиши Миллӣ сӯҳбату мулоқотҳо гузаронида истодаанд. Ин навбат вохӯрии ҳайати гурӯҳ бо омӯзгорони МТМУ №49, деҳаи Қалъачаи Бакавул доир гардид.