Дар асоси нақша-чорабинии КИ ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан бахшида ба 30 – солагии Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати гурӯҳи тарғиботии Кумита ба гимназияи №5 ба номи академик Раҷаб Амонов рафта, бо хатмкунандагони муассиса вохӯрӣ гузарониданд.
Мулоқотро директори гимназия Диловар Азимов ҳусни оғоз бахшид. Сипас мудири шӯъбаи тарғибот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан М.Абдуваҳҳобова дар мавзӯи “30 – соли созандагӣ бо Пешвои муаззами миллат” баромад намуд.
Мудири бахши ҷавонони КИ ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан Беҳрӯз Олимҷонов бошад дар бораи аҳамияти таърихии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан ронд. Инчунин баромадкунандагон дар бораи баланд бардоштани ҳисси худогоҳию худшиносии ҷавононро зикр намуда, қайд намуданд, ки ҷавонон бояд Ватани худро дӯст доранд ва ба ҳифзи марзу буми он омода бошанд.
Аз шабакаҳои иҷтимоӣ босамар истифода бурда, фирефтаи суханони ғаразноки хоинони Ватан нагарданд. Дар ҷамъомад мутахассиси раёсати маорифи шаҳр Қобилов М аз хонандагон даъват ба амал овард, ки ба балнд бардоштани савияи дониши худ кӯшиш намоянд. Дар охир хонандагон ба меҳмонон саволҳо дода, ҷавобҳои саҳеҳ гирифтанд.