Дар асоси нақшаи муштараки МИҲД-и вилояти Суғд ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд, нақша-чорабинии МИҲД-и шаҳри Истаравшан ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан ҷиҳати пешгирии падидаҳои номатлуб, пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро, тавзеҳи мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли масоили марҳӣ ва ҳамзистии осоишта дар ҷомеа дар Гимназияи №5 мулоқот бо собиқадорони меҳнат, сарварони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, омӯзгорон, имомхатибон барпо гардид.
Вохӯриро бо сухани муқаддимавӣ раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан К.Мирзозода ифтитоҳ намуда, қайд намуд, ки пешгирии ҷавонон аз гаравиш ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ вазифаи ҷонии аҳли ҷомеа мебошад. Зиёда аз 70 фисади сокинони кишварро ҷавонон ташкил мекунанд.
Сипас устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров Холдоров Ойбек аз таърихи ба истиқлол соҳиб гаштани Тоҷикистон, арзиши сулҳ ва ваҳдати миллӣ, кашмакашиҳои дохилии солҳои навадум ёдовар гашта, сокинонро ҷиҳати ҳифз намудани дастовардҳои миллӣ, фазои сулҳу осудагии кишвар даъват кард.
Амаков Шамсиддин – сардори шӯъбаи раёсати КДАМ ҶТ дар шаҳри Истаравшан ба сухан баромада, муҳтавои мақолаи коршиноси сиёсӣ дар масъалаҳои байналмилалӣ Абдуллои Раҳнамо “Мавқеи Тоҷикистон ё чаро Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари таҷовузгар нест?”-ро ба ҳозирин шарҳ дод. Инчунин дар бораи омилҳои шомил гаштани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро маълумот дод.
Устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров номзади илмҳои таърих Шарифов Муҳаммад, баромад намуда, аз ҷумла қайд кард, ки хоинони миллат бештар ҷавононро мехоҳанд ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ даъват намоянд. Онҳо аз таҷрибаи кофӣ надоштани ҷавонон истифода бурданӣ ҳастанд. Аз ин рӯ бояд мо ба тарбияи ҷавонон аҳамияти махсус диҳем.
Ҷамъомадро бо сухани хотимавӣ раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан К.Мирзозода ҷамъбаст намуд.