Рубрики
Uncategorized

ИСТАРАВШАН: ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ РАҲНАМОИ МОСТ

Дар асоси нақшаи муштараки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан оид ба тарғиби Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар бо сокинон-фаъолони ҷамоати деҳоти Чорбоғ вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ Мирзозода Комил-раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан, Юлдошев Илҳом-намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан ва кормандони Кумиҷроияи шаҳр иштирок намуданд.

Азимов Анвар-муовини раиси ҷамоати деҳоти Чорбоғ вохӯриро оғоз намуда, мақсад аз баргузории чорабиниро ба самъи ҳозирин иброз дошт. Сипас, Мирзозода К. ба сухан баромада, оид ба мӯҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар ибрози андеша намуда, зикр дошт, ки бояд ҳар як сокинони мамлакат дониш ва таҷрибаи худро ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии кишвар бармеояд, равона созанд.

Дар идома, Юлдошев И. ба сухан баромада, зикр намуд, ки бояд ҳар як сокини кишвар кӯшиши худро ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат, ки аз Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии кишвар бармеояд равона созад.

Дар охир сокинони ҷамоати деҳоти Чорбоғ ба сухан баромада, зикр доштанд, ки Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ қарор медиҳанд.   

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *