Рубрики
Uncategorized

ИСТАРАВШАН: ПАЁМ-РАҲНАМОИ АСОСИИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ

Дар асоси нақшаи муштараки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан бо омӯзгорон ва донишҷӯёни Коллеҷи тиббии шаҳр оид ба тарғиби Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар вохӯрӣ баргузор гардид, ки дар он Мирзозода Комил- раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан ва Ҳотамзода Аскар-намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан иштирок намуданд.

Вохӯриро Раҷабов Илҳом-директори Коллеҷи тиббии шаҳри Истаравшан оғоз намуда, мақсад аз баргузории чорабиниро иброз намуд. Сипас, Мирзозода Комил-раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан оид ба мӯҳтавои Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат баромад намуда, аз ҷумла зикр намуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян  намуда, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.

Дар идома, Ҳотамзода Аскар оид ба дастгирии давлатии ҷавонон ибрози андеша намуда, зикр кард, ки мо ҷавонон бояд аз имкониятҳои фароҳамовардаи давлату ҳукумати мамлакат самаранок истифода барем ва дониши худро барои боз ҳам ободу зебо гардонидани Ватани азизамон-Тоҷикистон сафарбар намоем.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *