Рубрики
Uncategorized

ИСТАРАВШАН: Паём ҳуҷҷати тақдирсози миллат

         Дар толори ҷамоати деҳоти “Сабристон” вохӯрӣ бо сокинон ҷиҳати баррасии Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии кишвар бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар Муҷибахон Ҷавҳарӣ ва Абдуҷаббор Умаров, муовини раиси шаҳр Фирӯза Мӯъминзода, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан Комил Мирзозода барпо гардид.

         Вохӯриро муовини раиси шаҳр Фирӯза Мӯъминзода ҳусни оғоз бахшида, дар бораи моҳияти Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии кишвар сухан гуфт.

         Сипас дар назди ҳозирин вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар Муҷибахон Ҷавҳарӣ ва Абдуҷаббор Умаров, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан Комил Мирзозода дар бораи моҳияти Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии кишвар баромад карданд, аз ҷумла қайд карданд, ки Паёми Президенти мамлакат ғамхории навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба самти иҷтимоӣ, маорифу тандурустӣ, собиқадорону маъюбон, бунёди корхонаҳои саноатӣ ва таъмин бо ҷойи корӣ, паст кардани сатҳи камбизоатӣ мебошад.

         Аз ҷониби худ сокинон иброз намуданд, ки Паёми Президенти мамлакатро гарму ҷӯшон пазироӣ менамоянд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *