Рубрики
Асосӣ

ИСТАРАВШАН: ПАЁМ – ҲУҶҶАТИ ТАҚДИРСОЗ

Санаи 5-уми феврал дар асоси нақшаи муштараки Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат дар толори Коллеҷи тиббӣ дар шаҳри Истаравшан вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ омӯзгорону донишҷӯёни коллеҷи мазкур иштирок намуданд.

Вохӯриро бо сухани ифтитоҳи Сафарализода Рустам – директори Коллеҷи тиббӣ дар шаҳри Истаравшан оғоз намуда, мақсади баргузории чорабинӣ шинос намуд.

Баъд аз он Комил Мирзозода – раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан дар назди ҳозирин баромад намуда, нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакатро шарҳ дод.

Ҳамчунин, аз донишҷӯён даъват ба амал оварда шуд, ки бо истифода аз имконият ва шароитҳои фароҳамовардаи давлату Ҳукумат бо баҳои хубу аъло таҳсил намуда, мутахассисони варзида шаванд. Инчунин, оид ба дуруст ва самаранок истифода намудан аз шабакаҳои иҷтимоӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, пешгирии таълимоти ғайрирасмӣ ва дар ин замина баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон ибрози андеша карда шуд.

Дар фарҷом, Сафарализода Рустам зимни баромади худ ба сиёсати маорифпарваронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипосмандӣ баён намуда, аз ҷумла таъкид намуд, ки минбаъд низ ҷиҳати дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ тарбия намудани насли наврас аз тамоми имкониятҳо васеъ истифода хоҳанд бурд.          

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *