Рубрики
Асосӣ

ИСТАРАВШАН: Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ

Ҳайати гурӯҳи корие, ки зимни баргузории шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тасдиқ гардид, дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар кумитаи маҳаллаи “Гулистон” бо бонувон ҷиҳати пешгирӣ намудани шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, амалӣ намудани Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо”, гиромидошти арзишҳои миллӣ вохӯрӣ гузарониданд.

Дар вохӯрӣ вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Истаравшан М.Раҳматова ҷиҳати пешгирӣ намудани шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, омилҳои шомилшавии ҷавонон ба ин гурӯҳҳо, 30-соли музаффариятҳои даврони соҳибистиқлолӣ, мудири шӯъбаи КИ ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан М.Абдуваҳҳобова бошад дар бораи амалӣ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, риояи арзишҳои миллӣ, тозаву озода намудани ҳудуди маҳаллахона, аз он ҷумла хонаву дари худ сухан ронданд.

Сокини маҳаллахона Мусаввада Отаева, раиси шӯрои занони маҳалла Ҳабибова Мавлуда баромад намуда, иброз намуданд, ки ба тарбияи ҷавонон аҳамияти махсус медиҳанд ва баҳри тозаю озода намудани ҳудуди маҳаллахона кӯшиш менамоянд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *