Рубрики
Uncategorized

Истаравшан: Рӯзи “Дарҳои кушод”

Дар қисми ҳарбӣ Тибқи дастури КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд бо ташаббуси намояндагии ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” бо иштироки ҷавонон, аъзои ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” дар қисми ҳарбии 0202-и қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ рӯзи дарҳои кушод гузаронида шуд. Дар ҷамъомад раиси маҳаллахонаи Имоми Аъзам Н.Қаландарова, омӯзгор Ғаниев Шариф, толибилми гимназияи №1 Бобоев Акобир баромад намуданд. Аз номи сарбозон Достон Қулиев баромад намуда, дар бораи шароити хуби хизмати ҳарбӣ дар ин қисм зикр намуда, миннатдории худро пеш аз ҳама ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён кард, зеро ба туфайли сиёсати хирадмандонаи ӯ имрӯз шароити сарбозон хеле беҳтар гаштааст. Сипас байни ҷавонон ва сарбозон гуфтугӯи самимӣ доир гардид. Ҷавонон бо шароити зисти сарбозон, рафти хизмати онҳо дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ аз наздик шинос шуданд. Инчунин сарбозон ба даъватшавандагон тарзи истифодаи яроқу аслилаҳои ҷангиро фаҳмонданд. Дар ҷамъомад мудири шӯъбаи КИ ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан М.Абдуваҳҳобова дар бораи роҳи тайнамудаи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуд. Ин вохӯрӣ дар ниҳоди ҷавонон, сарбозони оянда ҳисси баланди ватандӯстиро бедор кард. Онҳо азм карданд, ки ба Ватани худ содиқона хизмат мекунанд. Дар охир санъаткорони бахши фарҳанг бо суруду оҳангҳои дилошӯби худ таъби сарбозон ва ҷавононро болида гардониданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *