Рубрики
Асосӣ Мақола

ИСТАРАВШАН: СИЁСАТИ ДАВЛАТИИ ҶАВОНОН ДАР МЕҲВАРИ СИЁСАТИ ДАВЛАТУ ҲУКУМАТ ҚАРОР ДОРАД

Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ноил шудан ба дастовардҳои муҳим дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсиву фарҳангии ҷавонон нақши босазо гузошта, ба ташаккули сиёсати давлатии ҷавонон ва тадриҷан фароҳам овардани имкониятҳои васеи рушду такомули ҷавонон дар шароити мураккаби тағйирёбии сохториву ҷамъиятӣ мусоидат намуд, ки саҳми ҷавонон дар ин раванд хеле самарабахш арзёбӣ мегардад.

Имрӯз аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи миллат ва давлат мебошанд, ки татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти давлат ва ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад.

Ба сиёсати ҷавонон, ҳамчун бахши стратегӣ ва афзалиятноки сиёсати давлатӣ дар ҳамаи марҳилаҳои рушди ҷомеа таваҷҷӯҳи махсус зоҳир мегардад. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлоли ба ҷавонон ва ташаккули сиёсати давлатии ҷавонон диққати махсус зоҳир намуда, ҳануз 13 майи соли 1992, №562 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавон ва сиёсати давлатии ҷавонон”-ро қабул кардааст. Қонуни мазкур дар раванди инкишофи замони муосир 23 декабри соли 2021, №1830 дар таҳрири нав қабул гардид.

Қонуни мазкур асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоию иқтисодии тарбия, ташаккул ва камолоти ҷавононро муқаррар намуда, принсипҳо ва тадбирҳои татбиқи сиёсати давлатро дар соҳаи истифодаи пурсамари нерӯи зеҳнӣ ва маънавии онҳо, муайян мекунад.

Имрӯз, татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон бо фароҳам овардани шароити ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилӣ барои аз ҷониби ҷавонон интихоб гардидани роҳи зиндагӣ, худтатбиқнамоии шахсии ҷавонон, рушд ва дастгирии иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷавонон нигаронида шудааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии кишвар зикр намуданд, ки “Ҳадафи сиёсати давлатии мо дар бахши ҷавонон тарбияи кадрҳо, мутахассисони донишманду соҳибмаърифат, насли дорои ҷаҳонбинии васеъ ва хислатҳои ватандӯстиву ватанпарастӣ мебошад”.

Бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин барои тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон карда шуд.

Ҳамчун, омӯзгори ҷавонон кору фаъолияти хешро пас аз хатми донишгоҳ соли 2016 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5 ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ оғоз намудам. Чун фарди ҷавонони Тоҷикистон бо шарафмандиву шуҷоатмандӣ гуфта метавонам, ки касби пуршарафро интихоб кардаам ва ифтихор дорам. Ваъда медиҳам, ки минбаъд низ хонандагонро дар руҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ, меҳнаткашиву ростқавлӣ, матину пурирода ва далеру шуҷоъ тарбия менамоям.

Махкамова Саёҳат,

аъзои фаъоли ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *