Рубрики
Uncategorized

ИСТАРАВШАН: ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ ВАҲДАТ ДАР МУАССИСАҲО

Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ тибқи нақша – чорабинии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15 таҳти унвони «Ваҳдат – бақои миллат ва пояи давлат» композитсияи илмӣ – адабӣ баргузор гардид. Дар он сарвари муассиса Қутфӣ Ҳакимова ва вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Истаравшан Тоҷинисо Ҳамдамова дар бораи мавқеи ваҳдат ва сулҳу осудагӣ дар рушду тараққиёти давлат ва шукуфоии Ватан суханронӣ намуданд. Сипас хонандагони муассиса бо хондани шеъру суруд ва намоиши саҳнаҳои ҷолиб шукргузории худро аз осмони сулҳу суботи Тоҷикистони азиз ва бачагии хушбахтонаи худ изҳор намуданд. Чунин ҷамъомад дар МТМУ №4 низ барпо гардид. Дар он мудири бахши кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХД дар шаҳри Истаравшан Истатой Ҷумъаева дар мавзӯи «Ваҳдат хотири ҷамъи мост» баромад намуд. Ҷамъомадро толибилмони муассиса бо хондани шеърҳо дар васфи сулҳу дӯстӣ ва Ваҳдати миллӣ шукӯҳи тоза бахшиданд. Дар охир ба як қатор омӯзгорони ҷавон, ки ба тозагӣ ба сафи ҳизб дохил гашта буданд, шаҳодатномаҳо ҳизбӣ ботантана супорида шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *