Рубрики
Асосӣ Мақола

Истаравшан: «ТОҶИКОН»СИПАР ВА ШАМШЕРИ ТОҶИКОН

           Асосгузори сулҳу ваҳдат-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кулли суханрониҳо ва дастуру ҳидоятҳояшон аҳли ҷомеаро ба худшиносӣ, бедорӣ, ҳушёрии сиёсӣ ва баланд бардоронидани ҳисси ифтихори миллию ватандўстӣ даъват менамоянд ва табиист, ки ба сифатҳои мазкур маҳз бо таъсиру такони илму маърифат соҳиб гардидан мумкин аст. Ин хислатҳо, ки ҳар як шаҳрванди дилсўзи ёру диёр бояд доро бошад, бе андешаю мушоҳида ва омўзишу таълиму тарбия насиб намегардад. Дар бораи ба камолоти шахсӣ ва миллӣ расидану саодатмандона умр ба сар бурдан нақши илму маърифатро бузургони дунё, аз ҷумла бузургони илму адаби тоҷику форс ва ҷомеашиносону сиёсатшиносону сиёсатмадорон дар осорашон такрор ба такрор навиштаанд. Ду-се мисол овардан кифоя аст:

  Дониш андар дил чароғи равшан аст,

  В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст.  

Оре, устод Абўабдуллоҳи Рўдакӣ бо таври соддаву фаҳмо таъкид намудаанд, ки дили инсонро дониш мунаввар мегардонад ва дар ҳолати таҳдиди балою офату душман бар тани ту ҷавшан мешавад. Абулқосим Фирдавсӣ гуфтаанд:

  Тавоно бувад, ҳар кӣ доно бувад,

  Ба дониш дили пир барно бувад.

Хулосаи байт: Доно тавоност, дили пир бо дониш барност, ҷавон аст ва боз фармуда:

Пароканда лашкар наояд ба кор,

Дусад марди ҷангӣ беҳ аз сад ҳазор.

          Барои баёни мақсаду мароми таълифоти мазкур ҳамин се байт кифоя аст, кифоя аст, ки ҳар як инсони соҳибақл фармудаҳои бузургонро шиори зиндагӣ ва фаъолият қарор бидиҳад, ҳамеша дар корзори ҳаёт бедору ҳушёр ва неруманду мусаллаҳ бо илму маърифат бошаду доимо барои пешравӣ ва зафармандӣ бикўшад. Авзои сиёсӣ, иқтисодӣ, маънавии асри бисту як ва минбаъд низ ҳаминро тақозо мекунад. Сарвари давлат борҳо таъкид кардаанд, ки дар раванди глобализатсия (томгароӣ, куллигароӣ ва ҷаҳонишавӣ) мо бояд ба ҳар гуна таъсироти беруна ва бегона дода нашавем, арзишҳои худро гум накунем ва дар фазои иттилоотӣ ба дурўғу фиреби бадхоҳон бовар накарда, барои ояндаи неку дурахшони Ватани азизамон саъю кўшиш намоем. Чунки табиист, ба сарзамини тоҷикон, ба табиат ва сарватҳои он хориҷиён бо ҳавас менигаранд, баробари ин ҳастанд афрод ва бегонагону бегонапарастон бо ниятҳои нопок. Мисолашро дидем, дидем, ки ҳамсоя солҳои охир чӣ амалҳое ба иҷро расонд. Аз таърихи миллатамон маълум, ки аҷдоди мо-тоҷикон дар тўли мавҷудият, ҳазорон сол боз ба хоки қабилаю қавму халқу миллати дигар чашм ало накарда, лашкар накашидаанд ва баракс бисёр ҷабру ҷафоҳо дида. Искандар, араб, муғул, қабилаҳои биёбоннишин борҳо хуни тоҷиконро рехта, соҳиби шаҳру деҳоти ободкардааш шуда, ғулом кардан хостанд, аммо, хушбахтона, маҳз бо шарофату баракати ҷонбозиҳои фарзандони дилсўзу баорияту ҷасуру тавонояш то ба ин рўзҳои нек расидем ва диёрамон акнун тинҷу амон асту аҳолиаш оромона ва осудаҳолона зиндагӣ дорад. Агар аз рўйи имону виҷдону ҳақиқату адолат баҳо диҳем, ба гуфти чандин пирамардони садсола дар ягон давру замона чунин ҳаёти шароиташ мусоид фароҳам наомада будааст ва бояд пайваста шукр кунем, ки дар ин олами ба қавли шоиру мутафаккир Умари Хайём пурфитнаву пуршўр Тоҷикистон ба як давлати намунавӣ табдил меёбад. Аммо, мутаассифона, солҳои охир ҳамватанон аз муноқишаҳои назди сарҳад азобу азияти ҷисмонию равонӣ кашида истодаанд ва борҳо ба сари мардуми бегуноҳу кормандони давлату мақомоти қудратӣ суханони дурўғу туҳмату дашному ҳақорату сангу калтаку тиру гулўла мепарронанд. Ҳар дафъа баҳонаю сабабе пеш оварда, муноқиша хезонида, низоъ сар мекунанд ва боз тоҷиконро айбдор месозанд. Аз таърих медонем, ки тоҷикон мардуми пурсабру пуртоқат ва боистиҳолаю дурандешанд. Ҳамчунин зудбовар. Боз одамоне ҳам пайдо мешаванд, ки амалеро иҷро карда, барои нишон додани он аз воситаҳои гуногун истифода мебаранд ва баъзе наворҳои дар шабакаҳои иҷтимоӣ пахш ва паҳншаванда ба бадхоҳону хасмҳои миллати мо дастак мегардад. Пеш аз гуфтани сухане бояд андеша кунем ва аввал ҷойро дида, пас қадам занем. Борҳо таъкид кардаанд, ки бо дўстон ва душманон гапи мегуфтаамонро бояд бидонему бо дониши лозимӣ мусаллаҳ бошем.

           Хушбахтона, ҳар бор бадхоҳон ҷавоби сазовор дида, ба шикаст дучор шуда истодаанд ва оқибат аз гапу кору кирдори ношоямашон хулоса мебаровардагистанд? Агар хулоса бароварда натавонанд, мо дар фазои иттилоотӣ ба онҳо фаҳмонем, ки ҳамсоя бо ҳамсоя бояд чӣ гуна муносибат дошта бошад. Табиист, ки онҳо забони тоҷикиро нағз намедонанду тоҷикон забони қирғизиро. Чӣ бояд кард? Боз фармудаҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба амал татбиқ бояд кард. Тоҷику қирғиз бо ҳамдигар бо забони русӣ муколама меороянд. Барои ҳар як гуфтушунидкунанда, корбари шабакаҳои иҷтимоӣ ва ба қирғизҳо муроҷиаткунанда донистани забони русӣ шарту зарур аст, то фикрашро ба пуррагӣ фаҳмонида тавонад. Ҳамчунин донистани таърих ва шинохти харита ҳам зарур мебошад. Дар ин маврид шоҳасари «Тоҷикон» дастури асосист. Ин китоби раҳнамо дар баробари таъсир ба ҷаҳони маънавии хонанда, таконбахшӣ ба ҳисси ифтихори миллию ватандўстӣ, боз дар бораи марзу буми тоҷикон ва ҳудуди зиндагии онҳо маълумоти пурра медиҳад ва маълум мекунад, ки тоҷикон миллати таҳҷоийи Осиёи Марказӣ мебошанду қавму қабилаҳои дигар, аз ҷумла қирғизҳо баъдан маскун шудаанд ва ин нуктаро яке аз бузургтарин намояндаи халқи қирғиз-Чингиз Айтматов ҳам таъкид намудааст дар қиссаи дар асоси воқеияти таърихӣ нигоштааш-«Киштии сафед». Навиштааст, ки гузаштагони ин қабила дар соҳилҳои дарёи Енисей (номи руди мазкурро бо забони қирғизӣ (аслан туркӣ!) маънидод мекунанд, яъне модардарё). Баъдан ба сарзамини Осиёи Марказӣ кўч бастаанд. Ҳар як тоҷик ба ҳар як қирғиз бояд ин нуктаҳоро фаҳмонида тавонад. Дар кадом сатҳе ки қарор дошта бошад. Агар нафаҳмаду боз низоъангезӣ кунад, медонем, ки ғиром оқибат бой медиҳад. Дар ду-се муноқишаи охирӣ маълум шуд, маълум шуд, ки тоҷикон худро муҳофизат карда метавонанд ва агар лозим ояд, посухи сазовор ҳам медиҳанд. Аммо беҳтар он аст, ки баробари бо тиру туфангу силоҳ ҷанг карда тавонистан, бо илму маърифату сухану китоб, аз ҷумла бо китоби «Тоҷикон» ва «Киштии сафед» мусаллаҳ бошем. Бадхоҳонамонро ҳам дар майдони набарду ҳам дар майдони иттилооту илму маърифат сархам гардонем. Итминон дорем, ки зафар ёри мо хоҳад шуд.

СУБҲОН Ёдгорӣ- аъзои фаъоли ҲХДТ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *