Рубрики
Асосӣ

ИСТАРАВШАН: Футболи хурд

Дирӯз маросими кушодашавии мусобиқаи варзишӣ оид ба футболи хурд барои дарёфти «Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» байни дастаҳои футболи ғайрикасбии шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан барпо гардид. Дар он раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд муҳтарам Исмоилзода Зуфар Муртазохон, раиси шаҳри Истаравшан Маъмурзода Адҳам Маъмур, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан Мирзоев Комил Шарифович иштирок намуданд. Ҷамъомадро бо сухани муқаддимавӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан К.Мирзоев ҳусни оғоз бахшид. Сипас Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон баромад намуда, ҳозиринро бо мақсади баргузории мусобиқаи варзишӣ – ташвиқу тарғиби ҳаёти солим ва ҷалби шаҳрвандони мамлакат ба машғулиятҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, мустаҳкам намудани алоқаи дӯстӣ байни сокинон, таъмини фароғати мадании шаҳрвандон шинос кард.

Раиси шаҳри Истаравшан, раиси Федератсияи футболи шаҳр Маъмурзода Адҳам Маъмур баромад намуда, қайд намуд, ки ин мусобиқаи варзишро ҲХДТ дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи футболи Тоҷикистон ташкил намудааст.

Мусобиқа дар чор марҳила суръат мегирад. Сипас мусобиқаи футболро байни дастаҳои ғайрикасбии ҷамоатҳои деҳоти Зарҳалол ва Гули Сурх доир гардид, раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон ва раиси шаҳри Истаравшан Маъмурзода Адҳам Маъмур ҳусни оғоз бахшиданд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *