Рубрики
Асосӣ Мақола

ИСТАРАВШАН: ҲХДТ – ҲИЗБИ ОРМОНҲОИ МИЛЛӢ

Омили муҳимтарини ҳастии миллат, ҳуввияти миллӣ, сарчашмаи тамоми хушбахтиҳо ва ваҳдати миллату пешрафти ҷомеа ин аз муттаҳид будани халқи Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Пешрафти ҷомеа дар тамоми соҳаҳо аз тинҷию оромӣ вобастагии бисёр дошта, муттаҳидиву иттифоқии ҷомеа асоси он ба шумор меравад.

Солҳои аввали соҳибистиқлолӣ таърих миллати тоҷикро бо имтиҳони сахту сангин – ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ кард. Кишвари тозаистиқлоли мо дар вазъияти нестшавӣ ва халқи Тоҷикистон дар ҳолати парокандашавӣ қарор дошта буд. Мардуми тоҷик дар ҳолати гуруснагӣ ва бо мақсади ҳифзи ҷони худ ба дигар кишварҳо гуреза шуда, паноҳ мебурданд. Мардум интизори он буд, шахсе пайдо шавад ва миллатро аз нестшавӣ, халқро аз парокандашӣ наҷот диҳад. Хушбахтона, баъд аз ба сари ҳокимият омадани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қалби мардуми тоҷик боз дубора шӯълаи умед пайдо шуд. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти бисёр ҳам душвору ҳассос мардумро муттаҳид намуданд ва ба мардуми азияткашидаи тоҷик ваҳдати миллиро эҳё намуданд, ки ин таҷрибаи сулҳофаринии Тоҷикистонро тамоми дунё эътироф менамояд ва онро меомӯзаду ба сарвари оқилу хирадманди мо таҳсину офарин мехонанд.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон низ дар вазъияти хеле ҳассоси давлатдории кишвар ба арсаи сиёсат ворид гашт ва давоми қариб 30 соли фаъолият рисолати худро таҳти шиори “Барои рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум” таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иҷро намуда истодааст.

Тавре Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштаанд: “Ҳизби мо зодаю парвардаи замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст ва худро бо мардум чун ҳизби дорои масъулияти баланди сиёсӣ муррафӣ намудааст, ки ин заминаи воқеии таърихӣ дорад”.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тавассути сиёсати бунёдкорона ва татбиқи собитқадамонаи Барномаи худ, бо такя ба масъулиятшиносию қудрати зеҳнии аъзояш ва дастгирии бештари қишрҳои дигари солимфикри ҷомеа дар барқарор намудани сулҳу ваҳдати миллӣ саҳми намоён гузоштааст.

Яке аз самтҳои асосии фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан ин тарғибу ташвиқи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, истиқлоли давлатӣ ва таъмини якпорчагии кишвар, ҷалби сокинон ба корҳои бунёдкориву созандагӣ ба ҳисоб меравад.

Воқеан, тамоми халқи Тоҷикистон тӯли фаъолияти пурсамари Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дарк намуданд, ки маҳаки асосии фаъолияти ин ҳизбро созандагию бунёдкорӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва ваҳдати миллӣ ташкил медиҳад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: “Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар давраи сарнавиштоз ба фаъолият шурӯъ намуда, ҳадафи аслиаш ваҳдату ягонагӣ, устувориву пойдории сулҳ ва таъмини ояндаи неки шаҳрвандони мамлакат аст”.

Тӯли ин солҳо Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист дар таъмини зиндагии шоистаи мардум, некӯаҳволии халқ, рушду тамоми соҳаҳо саҳми босазои худро гузорад.       

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон минбаъд низ бахри ичрои ҳадафҳои созандаи Оиннома ва Барномавии худ, инчунин иҷрои вазифахои мушаххасеро, ки аз чониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мухтарам Эмомали Рахмон гузошта шудаанд, ичро карда, неруи созандаи чомеаро бахри ин максадхо равона месозад.

Беҳрӯз Олимҷонов – мудири шӯъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *