Рубрики
Асосӣ

ИСТАРАВШАН: Ҷавонон бояд қавиирода бошанд

АНДЕША: Хушбахтона, мо, тоҷикон, дар Ватани ободу озод, дар фазои тинҷиву оромӣ ва сулҳу субот зиндагӣ дорем. Сад шукри бахт, ки Худованд ба мо Сарвари оқилу халқпарварро насиб гардонидааст. Аммо дар замони имрӯза нафароне ҳастанд, ки сулҳу оромӣ ва осоиштагии мардум ва ҷамъиятро дидан намехоҳанд. Онҳо бо ҳар роҳу усул фазои тинҷу осудаи меҳани ҷоноҷонамонро халалдор намуда, хотири ҷамъу осудаи халқу миллатро парешон карданианд. Ин гуна одамон гурӯҳу гурӯҳчаҳо ва ҳаракатҳову созмонҳои худро ташкил дода, ба қавле, ба худ аҳд бастаанд, ки то мафкураи ҷавонону наврасони содаро вайрон накунанд, ҳеҷ ҳам оромӣ намеёбанд.

Аз нигоҳи ман, душманони миллатамон мехоҳанд, ки бо ҳар роҳу восита, ҳатто бо доғдор кардани номи дини муқаддаси ислом ба мақсадҳо ва ғаразҳои нопоки худ ноил шаванд. Ин нафаронро террорист ё экстремист меноманд. Мо ҳатто намедонем, ки онҳо киҳоянд, вале онҳо ҳамаи моро хуб медонанд, онҳо инсонҳои нопоке ҳастанд, (шояд онҳоро инсон гуфтан ҳам хатост) аз дини муқаддаси ислом суйистифода мекунанд.

Дар асл террорист асл, наҷод, халқ, миллат надорад. Медонед, аз ҳама муҳимаш ӯ Ватан надорад! Шояд ӯ низ инсони оддие буд, вале маълум аст, ки ӯ заифирода будааст. Охир вақте, ки шахс иродаи заиф дорад, гумроҳ кардан ва ё аз вай суйистифода бурдан хеле осон мешавад. Террорист гуфта, ман нафареро мефаҳмам, ки дар қалби худ нишонае аз муҳаббат надорад, дар руҳияи ватанпарастӣ камол наёфтааст, дар дили ӯ ҳисси ватандӯстӣ умуман вуҷуд надорад.

Пас, саволе ба миён меояд, ки чаро дар замони муосир шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо ба назар расида истодааст? Магар ҳеҷ яке аз онҳо дарки масъулиятшиносӣ ва ватандӯстӣ надоранд? Оё ҳамаи онҳо тарбияи дуруст нагирифтаанд?

Барҳақ, дар замони имрӯза масъалаи шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо яке аз масъалаҳои мубрами рӯз ба ҳисоб меравад. Асри мо асри пешрафти техникаву технологияи муосир аст, ин тараққиёт ва аз ҳад зиёд истифода бурдани телефонҳои мобилӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ аз тарафи ҷавонон ба шомил шудани онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳо оварда мерасонад. Аз тарафи дигар, таълиму тарбияи комил надоштани ҷавонон ба гумроҳ шудани онҳо сабаб мешавад.

Ҳамчун насли даврони Истиқлолият ва ҷавондухтари Ватани ободу озод фикр мекунам, ки бояд ҳар чи бештару пештар пеши роҳи шомилшавии ҷавонон ва гумроҳшавии онҳоро гирем. Танҳо мо, ҷавонони дорои мафкураи солим ва ҳисси баланди ватандӯстӣ метавонем, ки халқу миллати худро аз ин гуна падидаҳои номатлуб, ки вабои аср меноманд, ҳимоя намоем.

Маҳмудӣ Париноз

аъзои ТҶҶ «Созандагони Ватан»

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *