Рубрики
Асосӣ

ИСТАРАВШАН: Ҷамоати деҳоти “Пошкент”

Дар доираи нақшаи чорабиниҳои муштараки Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣПешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафарашон ба вилояти Суғд (санаи 9 -12 августи соли равон) ҷиҳати пешгирӣ аз ифротгароӣ, тарғиби таҳаммулпазирӣ ва баланд бардоштани сатҳи худшиносии миллӣ дар байни ҷавонон мулоқоти гурӯҳи корӣ бо сокинони ҷамоати деҳоти “Пошкент”-и шаҳри Истаравшан баргузор гардид. Дар мулоқоти мазкур Ширинбеков Садриддинмудири шуъбаи таблиғот ва ташвиқоти дастгоҳи Кумитаи иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Холиқзода Абдураҳимдиректори Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Исмоилзода Зуфар Муртазохон -раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ва муовини раиси шаҳр Мӯъминзода Фирӯза иштирок ва суханронӣ намуданд. Ҳамчунин дар мулоқот сокинони деҳаҳои Яккабоғ, Сепула, Поҷиндак, Пошкент,  ҷавонон, занон, ходимони дин ва аминони маҳал иштирок намуданд.

 Дар баромади худ Ширинбеков Садриддин қайд намуд, ки омили муҳимтарини ҳастии миллат ҳуввияти миллӣ, ваҳдати саросарию муттаҳид будани халқи Тоҷикистон маҳсуб ёфта, ҳифзу гиромидошти арзишҳои миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванд мебошад. ҲХДТ ҳамчун неруӣ созанда дар таҳкими ҳадафҳои шоиста ташаббускор ва пешсаф ба ҳисоб меравад. Холиқзода Абдураҳим бо баромади пурмӯҳтаво дар бораи пешгирии падидаҳои номатлуб, тарғиби таҳаммулпазирӣ, баланд бардоштани худшиносии миллӣ бо баёни далелҳои мушаххас ва истифода аз фарҳангу адабиёти оламшумули ниёгон, сарчашмаҳои динӣ ҳозиринро ба моҳияти мулоқот шинос намуд ва андешаронӣ кард. Раиси ҷамоати деҳоти “Пошкент” Мунъим Рустамов, имомхатибони масҷидҳои панҷвақта – Абдуалӣ Юсупов ва Мирзораҳим Комилов баромад намуда, изҳор доштанд, ки  дар ин самт корҳои тарғиботӣ ташвиқотиро пурзӯр менамоянд ва пеши роҳи падидаҳои номатлуб гирифта мешавад. Дар иттифоқ аз як гиребон сар бароварда, баҳри пойдории сулҳ, рушду нумӯъ ва пешрафту тараққиёти Ватани маҳбубамон саҳми арзанда мегузоранд.

Иштирокдорони мулоқот аз баромадҳои нотиқон таасуроти хуб бардошта ба ташаббускорони чорабинӣ арзи сипос намуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *