Рубрики
Асосӣ

ИСТАРАВШАН: ҶАМЪБАСТИ МАКТАБИ ЗАХИРАИ КАДРҲО

Тибқи дастури КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ва дар асоси Фармоиши раиси Кумитаи иҷроия Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан ҷиҳати дар амал татбиқ намудани қарори №4-и Маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд аз 26.12.2021 дар назди КИ ҲХДТ мактаби захираи кадрҳои фаъолият намуд.

Мақсад аз ташкил намудани мактаби захираи кадрҳои назди КИ ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан пеш аз ҳама дарёфт ва дастгирии мутахассисони ҷавон, такмил додани савияи касбӣ, маърифати сиёсии кормандони ҷавон ва ҷалби онҳо ба ҳаёти ҷамъиятиву сиёсӣ ба ҳисоб меравад.

Дар мактаби захираи кадрҳо ба шунавандагони ин мактаб шахсиятҳои шинохтаи давлатию ҳизбӣ, омӯзгорони соҳибтаҷриба дарси сиёсату роҳбарӣ, ватандӯстиву масъулиятшиносӣ омӯзониданд ва дар охири курс шунавандагон аз санҷиш гузаронида шуданд.

Ба шунавандагони мактаби захираи кадрҳо дар вазъияти тантанавӣ раиси Кумитаи иҷроия Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан Шаҳодатнома дар бораи хатми мактаби захираи кадрҳои назди Кумитаи иҷроия Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшанро супорид.

Дар фарҷом, аз номи шунавандагони мактаби захираи кадрҳо Султонова Мушарраф миннатдории хешро ба Ассосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии давлатии ҷавонон ва фароҳам овардани шароити хуби таҳсил ва кору зиндагӣ баён намуда, ваъда дод, ки ҳамчун кадрҳои болаёкати ояндасоз дар пешравии Ватани азизамон саҳми хешро мегузоранд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *