Рубрики
Асосӣ

Истаравшан: 30 – соли созандагию ободкорӣ

         Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан тибқи нақша-чорабинии КИ имрӯз бо фаъолони ҷамоати деҳоти “Қалъаи Баланд” доир ба аҳамияти таърихии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот орост. Дар мулоқот К.Мирзозода зикр намуд, ки дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии кишвар таҳти сарварии Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумате таъсис ёфт, ки дар як муддати кӯтоҳ тавонист оташи ҷанги дохилиро хомӯш намуда, сохтори фалаҷгардидаи ҳокимият, хусусан, мақомоти ҳифзи ҳуқуқро сохта, Артиши миллӣ ва неруҳои амнияти сарҳадро таъсис диҳад, аксарияти гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан баргардонад, ислоҳоти конститутсиониро дар мамлакат амалӣ созад.

         Инчунин қайд кард, ки 30 – солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ин ҷашни бузурги мамлакат, ҷашни ҳар тоҷику Тоҷикистонист. Аз сокинон даъват ба амал овард, ки бахшида ба ин ҷашни бузург корҳои ободонию созандагиро вусъат дода, 30 – солагии Иҷлосияи Шӯрои Олиро бо тӯҳфаҳои арзанда пешвоз гирад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *