Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ Раҳимзода Рузибой тибқи Барқияи кумиҷроияи вилоятӣ аз 26.04.2021 таҳти рақами №123 бо ҷалби масъулони Раёсати кишоварзӣ, вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ва аъзоёни кумиҷроия ба Ҷамоати деҳоти Урметан сафар намуда, бо саҳмдорон ва кормандони хоҷагиҳои деҳқонӣ, сокинон ва фаъолони ҷамоат вохӯриҳои “Рӯ ба рӯ” доир намуданд.
Зимни вохӯрӣ раиси кумиҷроия оид ба истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигию Президентӣ, рӯёнидани ду-се ҳосил аз ҳар як ваҷаб замин, истеҳсолу захира кардани миқдори зарурии маҳсулоти ғизоӣ аз ҷониби ҳар як оила, сарфакорию пешгирии исрофкории маводи озуқаворӣ ибрози назар намуданд.
Гуфта шуд, ки тибқи таҳлилҳои Созмони Милали Муттаҳид соли ҷорӣ, соли мушкил арзёбӣ гардида, аз ҳар яки мо тақозо менамояд, ки ҳар як ваҷаб заминро самаранок истифода намуда, дар таъмини амнияти озуқавории зиндагии хеш чораҳои судмандро роҳандозӣ намоем.
Мулоқоти гурӯҳи тарғиботии кумиҷроияи ноҳиявӣ аз ҳисоби вакилон, занону ҷавонон, фаъолон, собиқадорон дар дигар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия бомаром идома дорад.