Рубрики
Uncategorized

Истиқболи иштирокчиёни курси бозомӯзӣ дар ноҳияи Айнӣ

Дар маркази ноҳияи Айнӣ иштирокчиёни курси бозомӯзии ҳизбиро бо роҳбарии муовини якуми Раиси ҲХДТ Абдуҷаббор Азизӣ аъзои Кумитаи Иҷроияи Марказӣ, Раёсат, КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ва фаъолони ҳизб самимона истиқбол намуданд. Иштирокчиён дар маркази ноҳияи Айнӣ аз майдони рамзҳои давлатдорӣ – Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид карда, дар пояи он акси хотиравӣ гирифтанд. Бояд гуфт, ки баландии сутунпояи Парчами давлатӣ 50 метр буда, дарозии матои рамз ва муқаддасоти миллӣ ба 14 ва паҳноии он ба 7 метр баробар мебошад. Масоҳати умумии майдони Парчами давлатӣ 1600 метри мураббаъро ташкил дода, барои сайру гашт ва истироҳати сокинону меҳмонон, инчунин гузаронидани чорабиниҳои оммавии фарҳангӣ-фароғатӣ ва варзишӣ, аз ҷумла машқҳои пагоҳирӯзӣ мусоид мебошад.

Масоҳати умумии майдони Нишони давлатӣ ҳам аз 1600 метри мураббаъ иборат буда, он аз рӯи меъмории миллӣ омехта бо замони муосир бунёд шудааст. Баландии таҳкурсӣ ва сутунпояи Нишони давлатӣ 20 метрро ташкил медиҳад. Дар иншоот матни Суруди миллиро зебо ҳаккокӣ намудаанд, ки ин омил дар бедор сохтани худшиносию худогоҳӣ ва меҳанпарастии сокинон, бахусус наврасону ҷавонон мусоидат мекунад.

Ҳизбиён аз боздиди майдони Нишон ва Парчами давлатӣ, ки атрофи он гулкорӣ гардида, нишастгоҳҳои замонавӣ ва фаввораи зебо дорад, руҳу илҳоми тоза гирифтанд.

Мавриди зикр аст, ки майдони Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази ноҳияи Айнӣ рӯзи 28 июли соли 2021 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи нақша-чорабиниҳо ба хотири истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ба истифода дода шуда буд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *