Рубрики
Асосӣ

Истиқлолият -рамзи Олии Вавтану ватандорӣ

Истиқлолият волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷик аст. Бо баробари ба даст овардани ин неъмати бузург мардуми куҳанбунёд соҳиби нуру зиё, меҳру вафо, ободиву озодӣ, ҳамфикриву ҳамзистӣ ва осоиштагии имрӯз гардид. Даврони истиқлолият роҳи имрӯзи ояндаи  тоҷикон буда, ба пешрафти минбаъдаи кишвари азизамон ба сӯи ҷомеъаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муайян намуд. Маҳз бо дастуру ҳидоятҳои Раиси ҲХДТ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст овардани Истиқлолият ба наврасону ҷавонон имконият фароҳам дод, ки дониш, қобилият ва маҳорати хешро дар ҳамаи самтҳо инкишоф диҳанд, Ватани худро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намоянд, пешсаф бошанд ва ба сӯи ояндаи нек устуворона қадам гузоранд. Истиқлолият зиндагии ноороми мо мардуми тоҷикро ба манзараи рангорангу гулоро ва ватани азизамонро ба як макони беназир табдил дод. Дар муддати 31 соли Истиқлолият, сарзамини бузурги мо дар тамоми самтҳо, аз қабили илму маориф, санъату фарҳанг, иқтисодиёту иҷтимоиёт ва ғайра ба пешравиҳои зиёд ноил гардид. Даврони Истиқлолият барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки Тоҷикистони азизамон дар олами мутамаддин мақому мартабаи шоистаро касб намояд.      

Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омўзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд. Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад.

Пас, мо ҷавононро месазад, ки ба қадри ин ҳама ғамҳориҳои Ҳукумати кишвар расида, дар ин сарзамини сулҳофарину соҳибистиқлол бо сари баланд зиндагӣ карда, ҳамеша баҳри ободиву озодии ин сарзамини биҳиштосо ва соҳибистиқлол кӯшиш ба харҷ диҳем.

                                Азизахон Мирзохуҷаева рузноманигорӣ нашрияи ҳизбии “Сухани халқ”

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *