Мусоҳиба бо барандаи Ҷоизаҳои ба номи Қутби Киром ва Камоли Хуҷандӣ Адибаи Хуҷандӣ дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон
– Қаблан Шуморо бо ин ҷашни муқаддас муборакбод мегӯем. Мегуфтед, ки муҳимтарин ҷанбаи Истиқлолият дар чист?
– Истиқлолият чист? Ин суолест ки метавон як умр посух гуфт ва боз ҳам сифоташ беинтиҳо бимонад. Аммо ҷавоби сода метавонад ин бошад, ки истиқлол озодии як кишвар, арзи ҳастии як миллату давлат, хушбахтии як халқ аст, ки асоси ҳамаи созандагиву ободиву пешрафту тамаддун мебошад. Бигирем истиқлолияти шахсиро, ки бе он ҳеҷ инсон ба орзуҳову мақсуди хеш намерасад. Истиқлолият зиндагӣ, шарафу нангу номус ва имконияти расидан ба ҳама хостаҳои наҷиби хеш аст. Тасаввур кунед, агар як инсон истиқлолияти худро соҳиб набошад, номи ӯ ғулому барда хоҳад буд. Инсоне, ки истиқлолият ва озодии худро надорад бо хати кашидаи дигарон роҳ меравад, хостаҳои дигаронро иҷро мекунад ва орзуҳояшу зиндагияш дар ҳошия мемонад. Инсоне, ки озодии худро надорад, шахсият нест, балки як мавҷудоти фармонбардору бозичаву беғуруру бешуур аст, ки ҷавобгӯ ба вожаи инсон нест. Истиқлолияти инсон ному нанги инсон аст. Вақте як инсон истиқлолияти худро надорад, бадбахттарин мавҷудоти олам аст. Вақте кишваре истиқлолият надорад, ном надорад, миллат надорад, давлат надорад. Халқу кишваре, ки истиқлолияти худро надорад дар ҳеҷ коре ҳатто дар андешидан озод нест ва на ба тараққиёту пешрафт, балки ба даст овардани озодиву ошӯбҳову ҷангҳову даргириву норозигиҳо сарнавишти ӯ хоҳад буд. Ҳамеша фарду ақвом, халқу миллат барои озодии худ талош меварзад, аммо на ҳамеша муваффақ ба истиқлолияти хеш мешавад. Асоси аз байн рафтани давлатҳову миллату халқҳо, забону таъриху фарҳангҳо надоштани истиқлол будааст.
Миллати мо ҳам ин бадбахтиҳоро аз сар гузаронидаву борҳо аз барбод рафтан худро наҷот додааст, ҳарчанд қаламрави кишвари мо дар ҷараёни таърих хурдтару тангтар шуд ва дороиҳои мо аз даст рафт, аммо миллат, таърих, илму адабу фарҳанги мо ҳифз ва густурда шудааст. Намешавад инкор кард, ки дар масири таърих рустоҳову шаҳрҳои тоҷикнишин борҳо аз даст ба даст гузашта буданду борҳо ном иваз карданду мисли ин. Ҳар чи дороӣ, ки миллати тоҷик дошт бурданд, ҳар чи ободӣ, ки миллати тамаддуншуури тоҷик офарид ба хоки тира борҳову борҳо яксон шуд, борҳову борҳо китобу китобхонаҳо, бозору қасрҳо, масҷиду мактабҳо, коргоҳҳои ҳунармандӣ сӯхтаву ҷонҳо рабудаву симу зару дороӣ ғорат шуда буданд. Саҳафоти таърихи миллати мо пур аз ошӯбҳову фиғонҳову бохтҳову бадбахтиҳои оммавист. Аммо миллати мо бо вуҷуди ин ҳама фоҷиаҳои сарнавишташ забону фарҳангу илму донишу маданияти худро на танҳо ҳифз кард, балки ҳамон аҷнабиёни ғоратгари омадаро низ маданияту фарҳангу илму адаб омӯхт. Тӯли асрҳо парешонӣ ва мавриди таҳоҷум қарор доштани диёри мо имкон надода буд, ки мо соҳибдавлату соҳибватану соҳибном бошем, ки ин санад дар сатр сатри таърих сабт аст.
Мо дар масири таърих соҳибдавлату соҳибтамаддуну соҳибфарҳанг будем, аммо борҳо ин давлатҳо аз нотифоқиҳову парешониҳо аз даст ба даст гузаштаву нобуд шудааст. Қаламрави ин салотину ин давлатҳои тоҷикӣ кӯчак шуданду парешон ва аз байн рафтанд. Шукр, ки миллат ва илму адабу фарҳангаш монда. Инак, баъди чандин садсолаҳо мо соҳиби давлати соҳибистиқлоли худ шудем ва номи Тоҷикистону миллати тоҷик дар олам шинохта шуд.
Ин ҷо як хотироти хешро мехоҳам ёдрас намоям. Ба кишваре, ки халқаш ҳамзабони мост, сафар доштам. Вақте пурсиданд, аз куҷостам ва миллатам чист? Гуфтам, ки тоҷикаму тоҷикистонӣ, он ҳамзабонону ҳамтаъриху ҳамадабиёти мо ҳайрон шуданд ва гуфтанд: “Тоҷикистон дар кадомин гӯшаи дунёст? Оё дар ҳудуди Урупо аст ё Осиё?”
Ба ростӣ ҳайратзада шуда будам, зеро ман таъриху адабиёти он кишварро, шаҳру рустоҳояшро, шоиру олимонашро, сиёсатмадоронашро ба қадри кофӣ омӯхта будам. Ҳанӯз дар кӯдакӣ медонистам, аммо онҳо номи кишвари моро бори аввал мешуниданд, ки хеле аламовар буд. Сабабаш ҳам маълумам буд, зеро Тоҷикистон як ҷузъи кӯчаки СССР маҳсуб меёфт. Боиси таассуф ҳам буд, ки аз вуҷуди як миллати қадимаву дорои таърихи тиллоии фарҳангу маданияту илму адаб мардуми кишварҳои дигар огоҳӣ надоштанд. Зеро он замон мо истиқлолият надоштем ва соҳибдавлат набудем. Давлат он гоҳ буда метавонад, ки аҳли олам эътирофаш кунад, аммо ҳастии давлату кишвар ва миллати мо он замонҳо дар фаромӯшӣ монда буд.
– Пас андешаи Шумо дар ин маврид?
– Ҳамеша инқилобҳоро, озод кардани кишварҳоро аз ғосибон, ҷангҳоро, сулҳҳоро дар ҷаҳон як нафаре тӯдакашӣ мекунад. Як нафаре, ки аз ҳама бартарӣ дошта бошад ва бовару эътимоди халқро соҳиб бошад. Ҳудуди қарнҳо мо сиёсатмадоре, ки тавонад сарнавишти халқро дигаргун кунад, надоштем. Дар ин бора гуфторҳои зиёдеро гуфтаанду мегӯянд. Аз ҷумла, бонуи сиёсатмадор Озода Раҳмон мегӯяд: “Дар симои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таърих бори дигар собит сохт, ки наҷоти ҳар як давлату миллат дар лаҳзаҳои ҳассосу фоҷиабор ба зуҳури шахсияти бузурги миллӣ вобастагии зич дорад. Зеро маҳз шахсиятҳои бузург қодиранд, инсонҳоро дар ҳалли масъалаҳои печидаву мураккаби иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ раҳнамоӣ карда, дар қалбу дидаи мардум шуълаи умедро ба ояндаи дурахшон барафрӯзанд…”
Собиқ Президенти Ҷумҳурии Украина Леонид Кучма дар бораи таҳкимбахши Истиқлолияти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин ибрози назар кардааст: “Таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон таи солҳои Истиқлолияти худ роҳи душвори инкишофи давлатдориро тай намуда, мушкилоти давраи гузаришро бартараф карда, дар эъмори ҷомеаи озоду демократӣ, таъмини сулҳу мувофиқаи иҷтимоӣ ва таҳкими обрӯ дар арсаи байналхалқӣ ба муваффақиятҳои назаррасе ноил гардид”.
Аҳли сиёсат ва илми олам эътироф кардаанд, ки ба даст овардани Истиқлоли комил дар Тоҷикистон бе хидматҳои мӯҷизавори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон надошт. Адибони аллома ва қаҳрамонони миллати мо Бобоҷон Ғафуров ва Садриддин Айни аслу асосу гузашта ва таъриху илму адаби миллатро муаррифӣ карданд, яъне шиносномаи миллати моро навиштанд. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллатро аз нобудӣ наҷот доданд ва бегуфтугӯ Истиқлолияти кишвар, давлати тозаэҷоди тоҷик ба номи эшон пайванди ногусастанӣ дорад. Ман ҳайрон мемонам, ки чӣ тавр як нафар метавонад ҳам миллатро бо роҳи сулҳу ваҳдат аз касофати ҷангу нобудӣ наҷот бидиҳад, миллатро ба ҷаҳон шиносонад, давлат созад ва он ҳама вайронаҳои бозмонда аз ҷанги манҳусро бартараф кунад. Гуруснагиву қашшоқӣ ва таназзулу бознишастагиро барҳам бизанад, миллионҳо гурезаро ба Ватан баргардонад, боиси рушди босуръати маорифу тандурустӣ бишавад, саноатро ташаккул диҳад, ҳар гӯшаву рустоҳои диёрро обод бикунад ва садҳо мактаб созаду қасру кӯшку варзишгоҳҳо бунёд кунад Албатта, ин ҳама бо раҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вуҷуд омада, ки рукнҳои асосии Истиқлолият аст. Имрӯз давлати соҳибистиқлоли моро дар арсаи олам мешиносанд, Президенти моро чун як сиёсатмадори нодир эътироф мекунанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз сиёсатмадорони нодиру машҳур дар арсаи ҷаҳон аст, ки халқу миллати хешро аз вартаи завол бо тариқи дӯстиву ваҳдат бо гурӯҳҳои мухолиф наҷот бахшида, тӯли ҷанги хонумонсӯзу касофатборро дар кишвар хотима бахшид. Мумкин буд ин ҷанги таҳмилӣ солҳои сол идома карда, кишвари моро ба харобазор ва миллатамонро нобуд кунад.
Сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушду равнақи кишвар, сиёсатмадорони оламро ба ҳайрат овард дар симои ӯ эътибори Тоҷикистонро боло бурд.
30 соли Истиқлолияти Тоҷикистон, ки беш аз 15 соли он дар хотима бахшидани ҷанг ва бартараф кардани натиҷаҳои харобиовари он, баромадан аз вазъи муташанниҷ ва бунбасти коммуникатсионӣ гузаштааст, дар назди таърих фурсати зиёде нест.
30 соли Истиқлолият дар назди таърих фурсати зиёде нест, аммо дар ин фурсати кам бо раҳнамоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон тавонист аз кишвари заволёбанда дар канори ҷанг ба мамлакати ободу зебову рӯ ба тарраққӣ, ки мардумаш дар осоишу оромиш умр ба сар мебаранд, табдил ёбад.
Иди Истиқлолият барои халқи тоҷик яке аз идҳоест, ки ба баҳои ҷонҳо ба даст омадааст ва иди арзи ҳастӣ кардани давлати мо, иди наҷоти мо, иди имрӯзу фардои хушбахти миллати мост, ки ба ҳама муборак бод.
– Ба андешаи Шумо кишвари мо дар замони соҳибистиқлолӣ ба чӣ дастовардҳо муваффақ шуд?
– Адиби машҳури доғистонӣ Расул Ғамзатов гуфтааст: “Фақат ҷанг набошад шуд, он гоҳ ҳамеша баҳор хоҳад буд. Ман аз сулҳ дар Тоҷикистон ниҳоят мамнунам. Инсони боҷасорату хирадманд – Президенти Тоҷикистон тавонист, формулаи сулҳи ҷанги бародаркушро ёбад”.
Ин суханест, ки адиби оламшумул дар эътирофи Пешвои миллат гуфтааст. Шояд бипурсед, ки чаро суханро аз ин нукта оғоз кардам? Бояд гуфт, ки аввалин дастоварди истиқлол имкони зистан додану сулҳу ваҳдату тинҷӣ овардан ба Тоҷикистони ҷангзада буд. Имрӯзҳо ҳар яки мо бо дили ғамноку парешон аз ҳаводиси Афғонистон ёдовар мешавем. Ҳамин ҳолро дар гузаштаи начандон дур Тоҷикистони мо ҳам дошт. Ҳамин ки мо бо дили шод ва бовар ба фардо умр ба сар мебарем, натиҷаи Истиқлол аст.
Моҳирабону, шумо журналист ҳастед ва омори тамоми ободиву ободкорӣ, ҳамаи дастовардҳои соҳаи маориф, тандурустӣ, сиёсати хориҷии кишвар, эътибори Тоҷикистон дар дунё, тараққиёти рӯзафзуни соҳаи саноат …. ва мисли инҳоро медонед. Ва ин ҳама натиҷаи истиқлол аст.
– Истиқлолияти зеҳниро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
– Истиқлолият, пеш аз ҳама, ба андеша, яъне ба зеҳну шуури одам сару кор дорад. Инсон бидуни ақл худро намешиносад чи ҷои шинохтани арзишҳои милливу ватандориву ғурури миллӣ, тамоми даствоардҳои инсон бо ақлу хиради ӯ вобастагӣ дорад. Истиқлолият натиҷаи хирад аст, хиради умумихалқиву умумимиллӣ мебошад. Истиқлолияти зеҳнӣ ҳамон истиқлолияти худи инсон, худи кишвар аст, ки бидуни истиқлолият давлат наметавонад арзи ҳатӣ кунад. Истиқлолият он гоҳ арзи ҳастӣ мекунад, ки давлат аз ҷиҳати моддӣ, аз ҷиҳати иқтисодӣ ва ҷиҳати зеҳнӣ истиқлолият ба даст оварда бошад. Истиқлолияти зеҳнӣ дастовардҳои илмиву эҷодӣ аст. Он вақт шуури фардиву ҷамъиятии инсонӣ ба тамаддуну пешрафт муваффақ мешавад, ки истиқлолият дошта бошад. Асрҳои аср хурофоту ҷаҳолат истиқлолияти андешаҳои инсонро дар занҷирҳои пӯсида нигоҳ медошт. Агар ҳамин хурофоту ҷаҳолат намебуду соҳибони зеҳнҳои тиллоӣ, бузургону нобиғагони илму адаби моро нобуд намекард, ҳеҷ иқтидоре набуд, ки тавонад дар масири таърих миллати моро ба парокандагиву сарзамини бузурги моро ба парешониву гумшудагиҳо ва мардумро дар бознишастагиҳо дорад. Тамоми фоҷиаҳои миллати мо, ки дар масири таърих ба сар бурд, ҳамин хурофот аст. Ҳамин хурофот аст, ки ба сари андешаҳои ниёгони мо таҳмил шуд ва озодии андешаро аз байн бурд. Имрӯз Тоҷикистон ба истиқлолияти зеҳнии ҳар фард имкониятҳои беинтиҳо додааст, ки натиҷааш тамаддуни ояндаҳо хоҳад буд ва заминааш имрӯз гузошта шудааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо сиёсатмадоре ҳастанд, ки ба наҷоти як кишвар, як миллати қадимиву соҳибтаъриху соҳибфарҳангу соҳибтамаддун бо хиради азалӣ мусоидат карданд, балки маорифпарвари бузурге ҳам ҳастанд, ки ба тамаддуни зеҳнии ҷавонон замони истиқлол, яъне ояндаи миллат асосан эшон саҳиманд. Танҳо истиқлолият, танҳои истиқлолияти зеҳнӣ офаридгори истиқлолияти моддист ва офардигори тамаддун аст. Мо шукргузорем, ки ба шарофати Истиқлоли кишвар хушбахтии истиқлолияти зеҳнии фардиву мардумӣ ва миллиро дорем.
– Назари шумо ба дастовардҳои илмиву адабиёти замони истиқлол чӣ гуна аст?
– Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи паёмҳо, қарору фармонҳои хеш барои на танҳо ҷавонон, балки кулли ҷомеа муҳим будан ва аҳамияти аввалиндараҷа дар рӯзгори фарду кулл доштани илму адабу фарҳангро борҳо таъкид мекунанд. Боре дар маҷлисе гуфтанд: “Инсони бесаводу хурофотзада, ки дар ҷангалу биёбон ҳамроҳи мору малах ба камол бирасаду аз дониш дур бошад, чи гуна муқаддасотро медонаду миллатро медонаду илму адабу донишмандро қадр мекунад. Вақте мусиқӣ садо медиҳад, кудак дар гаҳвора мерақсад, Ҷон бо мусиқӣ ба тани мо пайвастааст”. Инсони бесаводу беилм наметавонад шахсият бошад, инсони бесаводу бемаданият ва беадаб мавҷудот аст, на инсон. Дар замони соҳибистиқлолии кишвар ба мақсадҳои созандаи худ расидани аҳли илму адаб осонтар шуд, ки асосу боиси рушду тараққиёти илму адаб аст. Имрӯз ҷавонони соҳибистеъдоди мо дар соҳаи илму адаб кору фаъолият доранд. Хеле натиҷаҳои назаррас ҳаст. Аммо илму адаб мӯъҷизаест, ки меваи ин дарахти офтобиро ҳам имрӯзу ҳам фардоҳо мечашанд. Илму адаб ҳамеша дар фаъолият аст, ҳамеша дар тарбияти халқ асту дар тамаддунофарӣ дар моддиёту маънавиёти инсон. Ин аст, ки шоирону олимон низ ҳамеша дар фаъолиятанд ва олиму шоир ҳеҷ гоҳе бознишаста намешавад. Кори илму адаб бознишастагиву нобудӣ надорад, балки ҳамеша дар роҳи тамаддун аст. Истиқлолият ҳамаи имкониятҳоро барои рушди адабиёт ва илму санъат фароҳам овардааст, ки натиҷааш имрӯзу фардоҳо ҳамеша дар амал аст.
– Пас месазад бигӯем, ки Истиқлолият саодату хушбахтии инсонҳост?
– Бале, чунин аст ва ман бо ифтихору саодат гуфта метавонам, ки хушбахтаму миллати ман хушбахт аст. Хушбахтам, ки дар Тоҷикистони озод зиндагӣ дорам ва субҳгоҳон бо садои мусиқиву оромишу амнияту саодат ба кору фаъолияти хушбахтисоз равонаам. Аҷаб хушбахтии беназирест ва шояд ҷумлае аз инсонҳо онро камтар қадр кунанд. Бояд комилан қадр кард, зеро мо фарзандони худро ба мактабу донишгоҳ гусел мекунем ва хотирҷамъ ҳастем, ки онҳо бармегарданд.
Бояд гуфт, ки дар кишвари мо садои тир шунида намешавад, балки даъватномаҳо нашр мешаванд барои ҷашнҳои бузурги милливу чорабиниҳо ва тую маҳфилҳо. Ин ҳама вақте имкон дорад, ки кишвар тинҷу осуда бошад ва дилҳо шод. Шукр мо ин саодатро дорем.
Мо орзу мекунем, мо ба фардои дурахшони худу фарзандону давлату миллату халқ бовар дорем.
Албатта, ин ҳама саодатҳо бо шарофати Истиқлолият аст. Ман мардуми шарифи Тоҷикистонро ба ин иди муқаддаси миллӣ табрик мегӯям. Бигузор Тоҷикистон ҳамеша идгоҳи саодату хушбахтӣ оромишу муваффақият илму адаб ва тамаддун бошад. Бигузор ҳар фарди Тоҷикистон ватандору донишманду саодатманд бошад. Ҷашни Истиқлолият муборак, Тоҷикистони азизам!
– Сипос барои чунин як сӯҳбати пурмӯҳтаво!
– Саломат бошед!
Мусоҳиб Моҳира РАҲИМЗОДА,
“Сухани халқ”