Рубрики
Асосӣ Мақола

ИСТИҚЛОЛ: Аморати исломӣ ё «давлат» – ё, ки дар пояи зулм «кашф» шуда аст

ИЗҲОРОТ: Чандест, ки дар кишвари ба мо ҳамсоя Афғонистон  гурӯҳи ифротии «Толибон» гуё аморате сохта бошанд ба худашон хос «ҳукмронӣ доранд. Чун тиннату замирашон сиёҳ аст, ҳукмронии сиёҳро алайҳи мардум оғоз кардаанд. Пас гуфтан ҷоиз аст, ки  вуҷудашон сиёҳ асту ақлашон сиёҳу нияташон сиёҳ. Агар бамаврид назар афканем хуни мардумро рехтан, ҳуқуқи зиндагии озоди мардумро  нақз кардан ва умуман зулм болои  ҳамдину ҳамкеш кардан ислому мусулмонист. Магар метавон дар мизони хирад ҳоли зори ун мардумро, ки то ҳатто барои дарёфти бурдаи нон фарзанди ҷигарбанди хешро ба фурӯш баровардааст ҷой кард, ҳатото фикраш ҳам ба дил озору азият мебахшад.

Давлате, ки мехоҳанд дари пояи ҳазорон сарҳои бурида, ҷонҳои зинда зери хок карда, наврасону кӯдакони бо ваҳшонияти хос қатлнамуда бисозанд, ба шарти кадом адён хос аст, худ қазоват намоед.

 Ана ҳамин гурӯҳҳо дар кишварҳои исломӣ бо истифода аз тарсонидани мардум ба номи ислом нақшаҳои хунини хешро роҳандозӣ карда истодаанду шаҳрвандони ин марзу бум аз хурд то бузург зери ҳамин талаботҳои «шаръӣ» ба балои ҳаёт гирифтор ҳастанд. Ҳамаи ин бадбахтист. Ман чаро ин матлабро, яъне Афғонистонро мисол овардам? Мардуми тоҷик 30 сол муқаддам дучори чунин ҳангомаҳову ҷорзаниҳои ба номи ислом гашта буданду кишвар ғарқи хун гардида буд. Вале бадбахттар аз ин он аст, ки ҳоло ҳам «ҳамватанон»-и мо дар кишварҳои Аврупо бо барномаҳову шабакаҳои террористӣ сӯйи мардум даҳан андохта истодаанд. Магар ба сиёсати он давлатҳо, магар хостаи он давлатҳо дастгирии ислом ва мусулмонҳост? На, маълум, ки ин аҳмақҳоро ҳамчун силоҳ истифода мебаранд. Ҳоло ҳам чандин гумраҳ ҳамватанони ифротии  мо баъди гузаронидани мағзшӯии мақсаднок ва дар шуури торики онҳо ҷой кардани афсонаҳои бофтаи «ҷиҳоду шаҳодат» онҳоро ҷониби худкушӣ раҳнамун месозанд ва ин манқуртҳои ақлбохта бо боварию итмонони роҳёбӣ дар биҳишти хаёлаашон  даҳҳо нафар бегуноҳро ба коми марг мефиристанд.  Магар ҳамин аст дини Ислом, магар ҳамин аст дин, ки мардуми ғораткарда дар Сурияву Ироқ ва Афғонистон роҳ ба сӯйи муҳоҷирати иҷборӣ гирифтаанд.

Кабирӣ имрӯз аз хориҷи кишвар истода, «бечораҳолӣ», «бечоранолӣ» мекунад ва чанде дигар каждумсифатҳо ӯро дастгирӣ мекунанд. Бояд мардум огаҳ бошад, ки ин Муллокабирӣ замоне дар кишвар тавассути дуздӣ дар Анқара хонаи сеошёна, дар Истамбул ду хонаи панҷҳуҷрагӣ ва дар Анталия бӯстонсаро харида, бозори хусусӣ ва дигараш ҷойи гап нест аз худ карда буду имрӯз худро сайд гумон мекунад.

Ин «бечоранамоиҳояш» бо аз мақсадҳои бадаш холӣ нест ва мутаассифона аз номи дину ойин ва мағзшӯии чанде аз нафарони гумраҳ. Бовар кунед, ки  Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш аз «Толибон» бадтар ниятҳои сиёҳ доранд ва  дар пайроҳаи фаъолияти хеш ҳатто куштори инсонро қабул доранд ва мепазиранд.

 Пас қазоват кунед, ки  кадомин амали Кабарӣ бахайр буду ҳаст. Вақте инсон дурӯғ мегӯяд, фиреб мекунад, хиёнат мекунад, мардумро ба гумраҳӣ мебарад, куштану ғасбро тарғиб мекунад, пас муқобили дин нест ва дар куҷои ин даъватҳо мантиқи фалсафаи «ҷиҳоду шаҳодат»-и наҳзатӣ вуҷуд дорад.  Онҳо ҳамон исломеро қабул доранд, ки худ мехоҳанду хоҷагони хориҷиашон. Ҳамон исломи мусулмонкуш.

Аъзои фаъоли ҲХДТ

дар шаҳри Истиқлол

Б. Некхоҳ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *