Рубрики
Асосӣ

ИСТИҚЛОЛ: Бадахшон-мақсад тасмимҳои хунолуд

Ҳамарӯза М.Садриддин дар саҳифаи хеш маводҳоеро аз номи гуё сокинони Бадахшони Кӯҳӣ расонаӣ карда истода, даст ба танқиду буҳтону дурӯғ мезанад. Аммо аҷиб он аст, ки серияҳои М.Садриддин рубаҳонаанд.

Аз вазъи Бадахшони Кӯҳӣ ин афрод истифода бурда, ба ҷойи хоҳиши обод будани мавзее, ки асли хоҳиши инсон аст доштан чун гуфтори устод Саъдӣ чун бани одам аъзои якдигаранд хоҳиши беамнии онҷоро дар мағз  парваридан на мусалмонӣ асту на одамгарӣ! Ба  муаммое табли шодӣ задан, ба бадбахтии дигарон хурсанд шудан, хоҳиши бадбахтии дигаронро доштан ин шарри шайтонист, ки дар дили инсон мақом дорад.

То ҳадде бузургони мо гуфтаанд, ки фоидаат намерасад зараратро нарасон, ба ҳамин мантиқ аққаллан бояд ин афрод  худро бисанҷад ва амал намояд.

М.Садриддин ва чанде дигаронаш ба  саҳнаи ночорӣ даромаданашонро медонем, аммо чи лозим аст ба миллат ва мардуми кишвар руирост туҳмат бор кардан, вазъи Бадахшонро мардуми мо беҳтар медонанд. Мо Бадахшонро пораи ҷони хеш медонем. Таҳлили вазъи ин минтақаро аз  М.Садриддин нахоҳем шунид, зеро ин инсон ба ҷуз шуронидан дигар хоҳише надорад.

Мо ноором бошем душманони мо шод, пас куҷост миллатгӯиҳои М.Садриддину С.Истарафшаниву М.Кабириву дигарҳо!

Ҳадди чунин даркҳо мо медонем ба гӯши ҷавонон, ки бархе гумроҳ ҳастанд сиёҳхела медарояд, аммо суд надорад, зеро  ба гумроҳон ҷавоби САЗОВОР ИНТИЗОР АСТ.

Ҳамзамон шадидтар аз ҳама ин вайрон намудани мағзи ҷавоне, ки волидайнаш бо умед ӯро ба воя расонидаанд мебошад ва ҷурмаш гӯшношунид. Зеро дуои модарони чашминтизор ба “устодон” ва афроде, ки ба гумроҳшавии ҷавонон бетаҷриба даст доранд хоҳад омад.

Дарки ин ҳама  ба инсон бисёр вазнин ҳаст, аммо чун одат бояд ин амалҳояшро идома диҳад. Агар не, “дасти ноаён” ӯро меёбад ва интиқом мегирад. Бадахшони Кӯҳӣ ором аст, мардум ватанашро аз ҷон азизтар медорад ва Сарварашро низ. Дастгир шудани чанд тан ҷинояткор барои рушди минбаъдаи ин минтақа мусоид аст ва мо ин ҳамаро медонем.   

А. Нуруллоев

Мардум ба дасисаҳо дигар бовар надоранд

Чандест, ки дар вилояти Бадахшони Кӯҳӣ чанде аз гумраҳон  бо мақсади ноором кардани вазъият кӯшиш намуда истодаанд, вале тирашон хок хӯрда истодааст ва аксари онон алакай назди қонун ва халқ ҷавоб гуфта истода, дастгир карда шуданд. Маълум гардид, ки ин тоифаҳо бо кӯмаки дигар ҳафақидаҳояшон аз хориҷи кишвар даст боло карданд ва сари хеш ба бод доданд, чун мақоли бузург ҳар кӣ ба зулми мардум даст зад оқибат дар чоҳи кандаи хеш афтод ва ҳақиқатан ҳам чунин шудааст.

Агар мо бо чашми ҳақбин ба кишварамон- Ватани тоҷикони ҷаҳон Тоҷикистон назар афканем, мебинем, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ, зери роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба пешрафту шукуфоиҳо ноил гардида истодааст.

Худ тасаввур намоед, дар даврони Шуравӣ, ки яке аз абарқудратҳо буда, аз ҷиҳати иқтисодӣ пешрафта буд, натавонист нақби Шаҳристонро бунёд намояд. Агар чанде баъзе роҳбарони ҳамонвақта барои ин мусоидат намуда бошанд ҳам ва баъзе ғаразҳову маҳалгароиҳо буд.

Ҳамагон дидем, ки на нақби Шаҳристон, балки нақби Анзоб, Чормағзак ва дигар дар даврони соҳибистиқлоли бунёд шуданд.

Дар соҳаи энергетика бошад ба ҳамагон маълум аст.Мутахассисон ҳисоб намудаанд,  агар тамоми дарёҳо, ки дар онҳо НБО сохташаванда неругоҳ сохта шавад, даромади солаонаи кишвар фақат аз энергетика 20 милиард доллари амрикоиро дарбар мегирад.

Барои расидан ба ин ҳадафҳо Пешвои миллат содиқона, хирадмандона барои ояндаи мардум кӯшишу талош намуда истодаанд.Инсони хирадманд ҳадафҳову нақшаҳо ва суръати пешрафтро дида, ояндаи дурахшони Тоҷикистонро мебинад.

Аммо, як гурӯҳ бехирадҳо чун М.Садриддину ҳаммаслаконаш бошанд, фақат айб мебинад, айб меҷӯяд ва фитна андохта мардумро ба гумроҳӣ мебарад.Аз чашми ҳасуду бадбинӣ М.Садриддин ва джӯраҳояш- пешрафти Тоҷикистонро дидан наметавонанд, зеро чашми ҳақбинатон кур гаштааст. Тавре шоир мегӯяд:

Касеро ки зиштӣ бувад дар сиришт,

Зи товус набинад ба ҷуз пойи зишт.

Ба ин афрод гуфтаниям, ки Шумо ҳамеша ифлосиҳоро дида, чашматон ба он одат кардааст. Аз ҳамин хотир гулро ҳам мисли хор мебинед. Доимо ифлосиро дида, мехоҳед ҳамаҷой ифлос бошад.Ба ҳамин хотир мардумро мешуронед, гумроҳ менамоед, фитна менамоед, то ки ҳамаҷой ноором гашта, ифлосиҳо зиёд гардад ва шумоён аз он роҳат намуда, мардуми орому осудаи кишварро ба гирдоби бало андохта, сарсону саргардон намоед.

Ягона роҳи наҷоти шумоён тавба кардан аст. Ба хотири фитнагариҳои қаблиатон, ба гирдоби бало гирифтор намудани кишвар, ятиму намудани ҳазорон кудакон хоҳ нохоҳ ҷавоб медиҳед.

Барои мо тоҷикистониён барои расидан ба ҳадафҳову мақсадҳо ва ояндаи дурахшони Ватан фақат тинҷиву оромӣ даркор аст. Дар ҳолате, ки кишвар тинҷу ором аст, пешрафти иқтисодиву иҷтимоӣ таъмин карда мешавад. Душман пок ва марзи азиз Бадахшон обод.

Б.Азимов

«Минбари муҳоҷир» –пойгоҳи фитнасозак

Айни замон дар Бадахшони Кӯҳӣ вазъият ором аст ва мардум ба хостаҳои хеш чун пештара ва чун дигар шаҳру навоҳии кишвари азизамон даст ба корҳои ободонӣ доранд. Аммо аз ҷониби  як гурӯҳ бадбинони миллати мо дар дохил ва хориҷи кишвар пайи дасисасозӣ овораанд ва ба мағзи мардум мехоҳанд  аз туҳматҳои худ  андеша ворид созанд, ки кассе бовар надорад.

Дастгир шудани ҷинояткор, ки барои ноором сохтани вазъият  ва халал ворид сохтан ба ҳаёти осоиштаи мардум як амал маъмулӣ ва хуб аст, зеро дар шароити кунунӣ барои мо мардуми Бадахшон аз осоиштагӣ диди арзиши муқаддасе нест. Бояд ҷинояткор боздошт карда шавад.

Аммо гумраҳ М.Саддриддини худфурӯхта ва дӯстонаш имрӯз канали овози муҳоҷирро ташкил карда, худро ба бечорагӣ моил намуда, ба якчанд нафар гумраҳон ваъдаи ояндаи беҳтарин дода барои идомаи фаъолият ин бечораҳоро ба каналҳои хеш обуна месозанду маблағҳои ҳангуфтро ҷамъоварӣ менамоянд, ки ин бечора обуначиён аз «чумоЙ» шавиашон бехабаранд ва намедонанд, ки бо ин маблағҳо М.Садриддин аз ин ҷавлонгаҳ ба он сайр мекунаду фирефта ҳамаро кардааст. Шумо бовар мекунед,  ки дилаш ба мардуми Бадахшон месӯзад, Ҳаргиз не!

Ин М.Садриддин чунон найрангсози моҳир аст, ки ҳангоми суҳбати видеоӣ мебинад, ки  риш дорӣ ба муллогӣ даст мезанаду агар галстукдор бошӣ аз дунявият ва демократия ва андеша намекунад, ки ин спектаклҳояшро ҳамагӣ аллакай хонадаанд.

Аҷиб он аст, ки худаш дар маводҳои таҳиякардаи худаш менависад, ки дар ҳаққи Муҳаммадиқболи Садриддин тӯҳмат накунед. Бубинед ба туҳмат даст задаасту боз айби дигарон медонад. Фалсафаи дастандаркорони Пойгоҳи номардумии ““Минбари муҳоҷир” ” чунон аст, ки фақат сурат скачат мекунанду месозанд ва худ менависанду менависанд. Аммо намедонад, ки чанде бинависанд мо бештар ҷавоб хоҳем гуфт.

“Минбари муҳоҷир” -дурӯғ,

“Минбари муҳоҷир” – фитна!

“Минбари муҳоҷир” – туҳматсозак,

“Минбари муҳоҷир” – пойгоҳи ифротиҳо!

В.Иброҳимов

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *