Рубрики
Uncategorized

ИСТИҚЛОЛ: Баргузории дарси ватандорӣ

Имрӯз тибқи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бахшида ба Ҷашни байналмилалии «Наврӯз» дар муассисаҳои таълимии шаҳри Истиқлол дарси ватандорӣ дар мавзӯи «Нақши Пешвои миллат  дар арҷгузорӣ ба фарҳангу маърифат ва бедор намудани ҳисси худшиносии миллӣ» баргузор гардид, ки дар он ҳайати тарғиботчиёни шаҳр ширкат варзида, оид ба  рушди фарҳангу маориф дар замони соҳибистиқлолии кишвар бо дастгириҳои бевоситаи  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, самти бедории худшиносии миллӣ, меҳнатдӯстию ватанпарастӣ, хизмат ба Ватан ва  масъулият дар арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллию давлатӣ баромад намуданд.

Ҳамзамон ба якчанд хонандагони фаъол чун намунаи ифтихор аз китобу китобхонӣ як адади китобҳои бадеӣ тӯҳфа карда шуд.  Дар ин соат беш аз 200 нафар ҷавонон фаро гирифта шуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *