Рубрики
Асосӣ

ИСТИҚЛОЛ: Идомаи вохӯриҳо

Имрӯз низ дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6 шаҳр бо сокинони шаҳр мулоқот оид ба фаҳмонидани муҳтавои Паёми навбатии Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар доир гардид, ки дар он Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Истиқлол Ниёззода М.Н., мудири бахши маориф Ходжабаева Гулчеҳра, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Кароматулло Аюбов, мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросим Фахриддин Ойматов ширкат намуда, суханронӣ карданд.

Тарғиботчиён дар рафти баромади хеш оид ба таълиму тарбияи насли наврас, риояи қоидаҳои беҳдоштӣ оид ба пешгирии бемории короновирус, пешгирии шомилшавии сокинон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ ва экстремистӣ ва оқибати бади ин гурӯҳҳо, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, худшиносӣ ва меҳнатдӯстӣ, эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ, омӯхтани забонҳои русӣ ва англисӣ, эҳтироми забони давлатӣ, истифодаи оқилонаи барқ, ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, ки дар Паёми навбатӣ аз ҷониби Пешвои маҳбуб таъкид карда шуданд, суханронӣ намуданд.

Ҳамзамон аз сокинони шаҳр даъват ба амал бароварда шуд, ки барои таълиму тарбияи фарзандон ва баланд бардоштани эҳсоси худшиносию меҳанпарварӣ ва ҷалби онон барои хизмат ба Артиши миллӣ кӯшиш намоянд.

 

 

 

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *