Рубрики
Асосӣ

ИСТИҚЛОЛ: Истиқлолият- сарчашмаи расидан ба ҳадафҳои миллӣ

Дар таърихи ҳар халқу миллат воқеаҳои бузургу муҳимме рух медиҳанд, ки сарнавишти минбаъда ва роҳи рушди онҳоро барои солиёни зиёд муайян менамоянд. Истиқлоли давлатӣ барои мардуми тоҷик аз ҷумлаи чунин рӯйдодҳои бузургтарини таърихӣ мебошад, ки дар тақдири халқи куҳанбунёди мо гардиши куллӣ ба вуҷуд овард.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ба таври ҳақиқат медонем, ки мустақилияти давлатӣ барои оғози пешниҳод ва иҷрои принсипҳо ва ҳадафҳои миллӣ дар бештари вақт мусоидат менамояд. Ва ин таҳаввулот, яъне ба даст овардани истиқлолият дар таърихи пайдоиши он барои миллат ва халқиятҳо чун намунаи бурун омадан аз баъзе ноҳинҷориҳои густурда аз ҷониби собиқ зимомдорон хизмат намудааст, аммо аксар маврид қурбониҳо низ дучор меоянд.

Мисоле меорам, ки як риштаи хурдакаки “мо ва фикри мо қабул аст”-и зимомдорони давраи Иттиҳоди Шӯравӣ мебошад, махсусан дар хато ё иштибоҳ ё чун беэътиборӣ нисбат дар номҳо будааст. Масалан номҳои вайронмондаи Облокул, Маҳад, Исуф, Мадесуф ва ғайра, ки иштибоҳан ё бемаънӣ дар шиноснома дарҷ гардидааст, аз он дарак медиҳад. Дар ин маврид шояд баъзе дӯстон гумон кунанд, ки он замонро танқид мекунад, на, мо баъзе аз паёмадҳоеро гуфтем, ки ба номгузории миллии мо дар он давра таъсир расонида буд, ва мутаассифона арҷгузорӣ ба миллатҳо аҳё-аҳён дида мешуд ё манфиатҳои миллатҳо кам ба инобат гирифта мешуд. 
Аммо рушди соҳаҳои мухталиф ва дигар пешрвиҳои куллӣ, албатта, дар давраи Иттиҳоди Шӯравӣ ба таври дақиқ буд, мардум хушбахтона умр ба сар мебурданд ва ғайра, аз ин бояд гуфт. Лекин ба даст овардани Истиқлолият дар навбати зеҳн ва моликияти миллии мо тоҷикон нақши калидӣ дорад.Масалан Эммануил Кант менависад, ки “Озодии давлатӣ ба принсипи фалсафаи зиндагии “шахс озод аст” кӯмак менамояд ва миллат иродаи ихтиёрии хеш ва асосан худшиносиро ба даст меорад.” Пас маълум мегардад, ки истиқлолият барои рушди ҳуқуқи миллии ҳар шахс мусоид аст.

Аз нуқтаи назари сиёсӣ бошад Истиқлолият барои давлат ва идораҳои давлатӣ, ҳокимият чун асоси фаъолият дар муносибатҳо, махсусан муносибатҳои хориҷӣ ба ҳисоб рафта, давлат ва миллат ҳамчун як ячейкаи ҳуқуқи байналмилалӣ соҳибваколат ё ба таври оддӣ соҳиби овоз мегардад, дар доираи муносибатҳо мақоми баробариро пайдо менамояд, новобаста аз ҳудуд ё аҳолӣ. Гуфта метавон, ки мақоми ҳуқуқии миллатҳо низ аз озодӣ рушди баркамол меёбад. Асосан баъди ба даст омадани Истиқлолият Ҳазрати Миллат дорои қобилияти мустақилона муайян кардани ҳадафҳо, вазифаҳо ва усулҳои ноил шудан ба онҳо, қобилияти ҳалли муаммо ва мушкилот аз ҳисоби худ, озодии интихоби ин ё он рафтор гардид, ки боиси ифтихор аст.

Бахусус, дар кишвари азизи мо – Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳар як шаҳрванд дорои дараҷаи муайяни озодист, соҳиби манфиат ё суду фоидаи худ аст ва дигар ҳамаи ҳуқуқҳо дар баробари дарку фаҳмишу масъулияти шаҳрвандӣ ба мо сокинон пеш омадааст. Мехостам доир ба яке аз дастовардҳои соҳибистиқлолӣ дар кишвар ҳарф занам. Масалан дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ таҳсил дар мамолики Аврупо, Амрико ё умуман давлатҳои хориҷӣ манъ буд ва паёмади ба таҳсил дар хориҷӣ фаро гирифтани фарзандони шахсони равшанфикрро дар он давра бохабар ҳастем. Охир таҳсил дар дигар кишварҳо, махсусан дар муассисаҳои таҳсилоти олии бонуфӯз чӣ қадар донишу таҷриба медиҳад, мо медонем ва инро он замон ҳукми сиёсат ном мебурданд ё қоида, ки бештар ин қоида тавонист он замон бадбиниро миёни ИҶШС ва давлатҳои Аврупо ва Америка ба миён орад ва оқибаташро мо хуб медонем. Имрӯз чӣ, ҳамватанони мо дар тамоми гӯшаву канори Олам хушбахтона умр ба сар мебаранд ва айни замон зиёда аз 40 ҳазор нафар донишҷӯёни мо дар муассисаҳои таълимии кишварҳои абарқудрат таҳсил доранд, магар ин дастовард нест? Албатта ҳаст!

Ин дастоварди Бузург чун Истиқлолият барои миллати тоҷик ва халқи азизи Тоҷикистон чун ҳадяи Эзид Таоло 31 сол мешавад, ки дар ин марзи муқаддас ҳукмфармост ва ба қавли инсонҳои ҳӯшманд Истиқлолият сатҳи худшиносӣ, эҳсоси ватандорӣ ва ифтихори миллии моро устувортар гардонид.

Пешвои азизи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ фармудаанд, ки “Истиқлолият барои мардуми шарафманди тоҷик имконият фароҳам овард, ки ихтиёри давлатдориро ба дасти худ гирифта, ба сӯйи зиндагии осуда, эъмори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ роҳи васеъ кушоянд.”

Бошад, ки истиқлолияти Тоҷикистони азиз ҳазорсолаҳо чун ҳадафи асосии зиндагиву фаъолияти тоҷику тоҷикистонӣ бошад ва аз баракати он ин марзи муқаддас гулгулшукуфон гардад.

М.Ниёззода

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *