Рубрики
Асосӣ

ИСТИҚЛОЛ: ИҶЛОСИЯ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Дар таърихи сиёсии ҳар миллату давлат санаҳое ҳастанд, ки муқаддас ва гиромӣ ба шумор рафта, барои рушди ҳамон сарзамин мусоидати куллӣ намудаанд ва Рӯзи ваҳдати миллӣ аз зумраи ҳамон арзишҳое ба шумор меравад, ки барои мо халқи Тоҷикистон шарифу азиз аст, аммо заминаи асосии он дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҳз баъди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданашон дар соли 1992 гузошта шудааст.

Бояд қайд кард, ки ваҳдати миллӣ барои мо дастоварди ниҳоят пурарзиш, шарти асосии некӯаҳволии халқамон ва таҳкурсии боэътимоди пешрафту ободии Ватани маҳбубамон мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Рӯзи ваҳдати миллӣ чунин қайд намуданд, ки “ Маҳз ваҳдати миллӣ халқи моро аз хатари парокандагӣ аз вартаи нобудӣ раҳоӣ бахшида, замина фароҳам овард, ки мо муттаҳид шавем, ватанамонро соҳибӣ ва обод кунем ва рушди бомароми Тоҷикистони азизамонро таъмин гардонем.”

Дар ҳақиқат давоми 30 соли баргузории Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмин гардидани ваҳдати миллӣ дар кишвар фазои сулҳу суботу амният бо талошҳои ватандӯстонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъмин гардида, рушди соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ ба беҳбудии куллӣ расид.

Бори дигар бояд таъкид намоям, ки бо расидан ба ваҳдати миллӣ Ҳукумати мамлакат таҳти роҳбарии бевоситаи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои раҳоӣ бахшидани кишвар аз буҳрони шадиди иқтисодӣ, гузоштани заминаи устувор барои таъмини рушди иқтисодӣ, бунёди зерсохторҳои энергетикӣ ва коммуникатсионӣ, аз ҷумла роҳу нақбҳо, хатҳои баландшиддати интиқоли барқ, зеристгоҳҳои барқӣ, рушди бомароми саноату кишоварзӣ, соҳибкорӣ ва бахши хусусӣ, бунёди даҳҳо ҳазор гектар боғу токзор хидматҳои шоён намудаанд.

Ҳамзамон сохтмон ва таъмиру таҷдиди ҳазорҳо мактабу кӯдакистон ва муассисаҳои тиббӣ, қомат афрохтани даҳҳо кохи фарҳангу китобхонаву варзишгоҳ ва умуман, дигаргун гардидани симои шаҳру ноҳияҳо ва шароити зисти сокинони онҳоро имрӯз ҳар фарди огоҳи кишвар чун ойина дар пешорӯи худ мебинад.

Дар шаҳри Истиқлол низ чун дигар шаҳру ноҳияҳои ватанамон дастоварҳои назаррас ба даст омада аст ва мову Шумо шоҳид дар ин пешравиҳо ҳастем. Ба ҳамин хотир бо ифтихор метавонем қайд намоем, ки ваҳдати миллӣ бозёфти нодири халқамон ба ҳисоб меравад.

Лозим ба қайд аст, ки ин рӯйдоди муҳими таърихӣ дар дилу шуури шаҳрвандони кишвар ҳисси эҳтиром ба Тоҷикистони азиз ва муқаддасоти Ватанро устувор гардонида, ба онҳо эътимод бахшид ва бо сарбаландӣ гуфта метавон, ки мардум бо истифода аз ин арзиши наҷотбахш ба ободкориву созандагӣ машғул шаванд ва барои ояндагон як Ватани ободу зебо ба мерос гузоранд.

Қадру манзалати Иҷлосияи 16-ум, ваҳдати миллӣ ва дигар муқаддасотро ҳар як фарди кишварамон бояд дарк намояд ва баҳри пойдории онон ҳамарӯза амал намояд. Дар ин хусус Пешвои муаззами миллат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии мамлакат чунин қайд карда буданд: «Арзиши муқаддасу таърихӣ ва омили муҳимтарини ҳамаи дастовардҳои миллати мо баъди Истиқлолияти давлатӣ, бешубҳа, ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ мебошад.»

Дар робита ба ин, мехостам қайд намоям, ки дар шароити имрӯза, ба мо, пеш аз ҳама, зарур аст, ки моҳият ва мафҳуми ваҳдати миллиро ҳамчун ифодаи ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамзистии тамоми шаҳрвандон, наслҳо ва ақидаҳо муаррифӣ намоем.

Дар ин маврид ҳар як сокини шаҳр, сарфи назар аз мансубияти миллӣ бояд дарк намояд, ки ҳам рушди ҷомеа ва ҳам умеду орзуи ӯ фақат дар сурати пойдории сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ амалӣ шуда метавонад.

Аз ин лиҳоз, вазифаи ҳар шахси худшиносу худогоҳ, ватандӯсту ватанпарвар аз он иборат аст, ки ваҳдати миллиро чун гавҳари бебаҳо ва дастоварди ниҳоят азиз ҳифз намояд ва онро дар радифи дигар муқаддасоти миллиамон пос ва гиромӣ дорад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *