Рубрики
Асосӣ

ИСТИҚЛОЛ: Конференсия доир гардид

Имрӯз дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истиқлол Конференсияи 23 –юми ғайринавбатии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Истиқлол баргузор гардид.

Дар кори Конференсия и.в. Раиси шаҳри Истиқлол  Қаюмҷон Маҳмудзода  ва намояндаи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд, сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии «Сухани халқ» Абдусабури Абдуваҳҳоб иштирок намуданд.

Дар Конференсия масъалаҳои пешбарии номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии «Истиқлол-30»  ва  ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз ҳавзаҳои интихоботии “Гулистон-2” ва “Ободкор-28” ба ҷойи вакилони хориҷшуда мавриди баррасӣ ва пешниҳод қарор гирифт.

         Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демкоратии  Тоҷикистон дар шаҳр номзадии и.в. Раиси шаҳр Қаюмҷон Маҳмудзодаро  ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии “Истиқлол-30” ва маҷлиси маҳаллии вакилони халқ пешниҳод кард.

         Ҳамзамон номзадии дигар аъзои фаъоли ҲХДТ ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз ҳавзаи интихоботии “Ободкор-28” пешбарӣ карда шуд.

         Рафти пешбарии номзадҳо фаъолони ҳизб дар шаҳр баромад намуда, таъкид доштанд, ки ба таври ҳамешагӣ ва тибқи дастури бевоситаи Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нафароне ба ҳайси  вакил пешниҳод мегарданд, ки дар ҷомеа обрӯю иззат доранд ва барои рушди соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ, алалхусус дар хизмати софдилона ба халқу Ватани азиз камари ҳиммат бастаанд.

         Сипас иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳр Қаюмҷон Маҳмудзода ва намояндаи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд, сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии «Сухани халқ» Абдусабури Абдуваҳҳоб баромад намуда, қайд карданд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун зодаи даврони Истиқлолият дар зарфи 28 соли фаъолият дар фазои сиёсии кишвар мақоми бузургро соҳиб шуда, ҳамчун ҳизби пешсаф  бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳбуби халқ гардид ва бо итминон таъкид доштанд, ки кумиҷроияи шаҳрӣ дар оянда ҷиҳати фаъолияти муассир ва самаранок кӯшиш ба харҷ хоҳад дод. Ҳамзамон даъват карда шуд, ки минбаъд барои тақвияти корҳои дохилиҳизбӣ кӯшиш ба харҷ намоянд.

Дар охир ба  якчанд нафар ҷавонони фаъол  аз ташкилоту муассисаҳои шаҳр  шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *