Рубрики
Асосӣ Мақола

ИСТИҚЛОЛ: Куҷоянд мардони палангошӯб?

Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон пораи хоки кишвари азизамон Тоҷикистон аст ва дар ин сарзамин нафароне ба воя расидаанд, ки нангу номуси баланди ватандорӣ доштанду доранд . Муттаҳидиву сарҷамъии ин мардум гоми устуворе дар пешрафти субот дар кишвар буду ҳаст. Дар ҳама даъватҳои муттаҳидона, ки барои ободии кишвар бархоста аст, дар ҳама чорабиниҳои сиёсии баландмазмуни умумиватанӣ пешбарони бузурги бадахшонӣ даст боло кардаанд, ки боиси ифтихор аст. Аммо, чи шудааст ба ин мардум, ки имрӯз ҳаммарзҳояшон ба рафторҳои нооқилона митингҳои бемаънӣ ва дигар чораҳои ғайриқонунӣ пеша кардаанд. Метавонем қайд кунем, ки дар ҳама маврид инсонҳо мухталифанд ва арсаи таърих хиёнаткоронро чун Гитлеру Чингизхону Кабириву дигарҳо нишон додааст.

Сар бардоштани чанд тан мулоимхунукҳо ҷойи тарс нест, аслан, ҷамъ омадани чанд тарсӯе барои мо ҳатто халалчае ворид намесозад. Қобили қайд аст, ки ҳамагуна юришҳо албатта пахш карда мешавад ва бояд шавад, зеро дар шароити кунунӣ ин чорабиниҳо ба манфиати ягон ҷомеа нест.

Дигар ин ки, ин мардум ҷасади беҷони як нафарро дар он мавзеъ оварданд ва итминон дорем, ки баъди лайк гирифтану мақбул шудану пайса гирифтан, мурда худаш тоқа мемонаду хешу таборашу ҳамон лаганди кафида, зеро агар ин ҳайвонсириштҳо инсон мебуданд ба ҷасади ҳаммарзи худашон эҳтиром мегузоштанд, охир ҷинояткор ҳам буд, инсон буд.

Ба ин рафтору кирдорҳои бархе аз ин “қаҳрамонҳо” руҳи мардони бузурги Бадахшон чун Шириншоҳ Шоҳтемур ноором аст ва ба гуфти мардуми мо –садқаи ин бузургон шавед!

Итминони комил дорем, ки ин ҷамъомадҳои бемаънӣ зуд бартараф мешавад ва заррае дар амнияти ин марз халал нахоҳад ворид шуд.

Аъзои фаъоли ҲХДТ

Х.Шокиров

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *