Рубрики
Асосӣ

ИСТИҚЛОЛ: ПАЁМ-САРЧАШМАИ КОМЁБИҲО

Бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар, дар асоси нақшаи тасдиқгардида, санаи  30-юми январи соли ҷорӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Варзишгоҳ” бо мураббиёну кормандон мулоқот баргузор гардид.

Сараввал Разоқова Н.Э. баромад намуда, доир ба Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан гуфт.

Ҳангоми сӯҳбат бо иштирокчиёни чорабинии мазкур Н.Разоқова дар бораи таҳлили самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии давлат, дурнамои рушди иқтисодиёт, пастшавии сатҳи камбизоатӣ, дастгирии соҳибкорӣ, таъмини нафақа ва дигар мавзӯъҳои Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан гуфта, аз ҷумла оиди афзудани чандкаратаи даромади пулии аҳолӣ, пайдошавии ҷойҳои нави корӣ, имтиёзҳу сабукиҳо барои пешрафти соҳибкории хурду миёна қайд карда гузашт.

Таъкид шуд, ки Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба  соҳаи маориф ва таълиму тарбияи насли наврас ва баланд бардоштани обрӯю нуфузи омӯзгор таваҷҷуҳи зиёд доранд. Дар баробари ин қайд карда шуд, ки Сарвари кишвар дар Паёми имсолаи худ оид ба соҳаи варзиш ва дастовардҳои онҳо чунин  ибрози ақида намуданд: “Таъмин намудани рушди соҳаи варзиш яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии    Ҳукумати мамлакат буда, ҳадафи он оммавигардонии варзиш, таҳкими тарзи ҳаёти солим, мусоидат намудан ба омодасозии варзишгарони касбии тоҷик барои иштирок дар мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ мебошад.

Иштироки фаъоли ҷавонони мо ва пирӯзии онҳо дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ, бешубҳа, ба болоравии обрӯи кишварамон мусоидат менамояд.

Танҳо соли 2023 варзишгарони Тоҷикистон аз мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ 343 медал, аз ҷумла 108 тилло, 76 нуқра ва 159 биринҷӣ ба даст оварданд.

Барои ноил гардидан ба дастовардҳои боз ҳам бештар зарур аст, ки ба истифодаи самараноки инфрасохтори варзиш, хусусан, ба нигоҳубини дурусти иншооту биноҳои бунёдгардида эътибори ҷиддӣ зоҳир карда шавад.

Ҳамзамон  оид ба дастовардҳои даврони Истиқлолият, пешравиҳо дар самтҳои мухталифи хоҷагии халқи кишвар, фазои оромиву тинҷӣ ва сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои миллию динии сокинон  ки бо хидматҳои шоёни Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба миён омадаанд, маърӯза намуд.

Ҳамзамон, мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр А.Аҳмадзода қайд кард, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳнамо ва дастур барои расидан ба таъмини  зиндагии шоиста барои ҳар як шаҳрванди мамлакат мебошад. Ҳамаи мо шоҳиди он ҳастем, ки ҳар сол аз Паём то Паёми навбатӣ дар Ватани мо чӣ қадар корҳои ободкориву созандагӣ анҷом дода мешаванд ва сатҳи некуаҳволии мардум боло меравад.

Инчунин қайд гардид, ки  дар шароити кунунӣ ва умуман дар ҳаёти сиёсиву ҷамъиятӣ масъалаи боло бурдани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, хоссатан баланд бардоштани ҳисси меҳандӯстӣ ва худшиносиву ҳуввияти миллӣ барои аҳли ҷомеа хусусан ҷавонон яке аз масъалаҳои асосӣ ба шумор рафта, бо ин васила мо метавонем дар рушди моликияти зеҳнии шаҳрвандон саҳмгузор бошем. Таъкид карданд, ки дар ин роҳ бояд ҳар фарди худогоҳ ва худшинос ва аҳли фаъоли ҷомеа, хусусан аҳли зиё  барои тарғиби аҳкоми ватанпарастӣ байни мардум фаъолнокии бештар нишон диҳем.

Афсари бахши РКҲФ ва МГ-и вилояти Суғд дар шаҳри Истиқлол  Садруддинзода  Р. оид ба вазъи имрўзаи минтақа ва ҷаҳон, аз   шомилшавии  бархе ҷавонони бесаводу гумроҳ, ки ба гурӯҳҳои ифротӣ пайваст гардиданд ва доир ба хатари терроризм ва экстремизм баромад карда, аз нишастагон даъват ба амал овард, ки доир ба масъулият дар тарбияи фарзанд, тарғиби одоби накӯ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим кӯшиш ба харҷ намуда, рафтори фарзандонашонро зери назорати қатъӣ қарор диҳанд.

            Лаҳзаҳо аз рафти мулоқот:

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *