Рубрики
Асосӣ

Истиқлол: Раиси ташкилоти ибтидоӣ интихоб гардид

Имрӯз дар асоси ҷадвали баргузории маҷлисҳои ҳисоботӣ – интихоботии ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар ташкилоти ибтидоии «Маркази саломатӣ» дар назди Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Истиқлол бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр М.Ниёззода ва сартабиби Беморхонаи марказии шаҳр Ғоибов В.Т. маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботӣ доир гардид.

Дар ҷаласа масъалаҳои ҳисоботи ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи аз моҳи июни соли 2021 то моҳи июни соли 2022 ва вазифаҳо барои фаъолиятии минбаъда, тасдиқи нақшаи фаъолияти нимсолаи дуюми ташкилоти ибтидоӣ, интихоби раис ва раёсати ташкилоти ибтидоӣ, интихоби вакилон ба Конференсияи ҳисоботӣ – интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истиқлол ва дигар масъалаҳои ҷорӣ мавриди баррасӣ, интихоб ва дастурдиҳӣ қарор гирифт баргузор гардид.

Маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботиро аъзои фаъоли ҳизб Ғоибов В.Т. оғоз бахшида, рӯзномаи маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботии ташкилоти ибтидоиро тасдиқ намуд. Аз рӯи масъалаи якуми рӯзнома раиси ташкилоти ибтидоӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи ҳисоботӣ аз моҳи июни соли 2021 то моҳи июни соли 2022 ва вазифаҳо барои минбаъда ҳисобот пешниҳод гардида, зикр кард, ки ташкилоти ибтидоӣ фаъолияти худро тибқи дастуру ҳидоятҳои созандаи Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва шаҳрии ҳизб ба роҳ монда, дар ин муддат сатҳу сифати фаъолияти ҳизбӣ, масъалаҳои ташкили интизоми дохилиҳизбӣ ва қабули босифати узвият ба аъзогии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баланд бардошта шуд. Инчунин, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани барномаҳои ҳизбию давлатӣ, ки ба соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоии ҳаёти ҷомеа ва махсусан соҳаи тандурустӣ нигаронида шудааст. Сипас як нафар ба музокираи ҳисобот баромада, фаъолияти ташкилоти ибтидоии «Маркази саломатӣ»-ро дар давраи ҳисоботӣ қаноатбахш арзёбӣ намуданд.

Баъдан, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр Ниёззода Муҳаммад Ниёз оид ба боз ҳам беҳтар намудани фаъолияти дохилиҳизбӣ, ҷалби бештари кормандон ба сафи ҳизб, роҳ надодан ба зиёдаравию хурофот, пешгирии терроризму экстремизм, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, тарбияи ватандӯстии ҷавонон, муосидат намудан дар мушкилоти ниёзмандон ва дигар масъалаҳои муҳими рӯз таъкид намуданд.

Инчунин М.Ниёззода миннатдории хешро ба кормандони марказ барои робитаи мустақим бо аҳолӣ барои пешгирии бемории оламгири Короновирус баён намуда, таъкид кард, ки минбаъд низ барои пешгирии дигар бемориҳои сироятӣ кӯшиш ба харҷ хоҳанд дод.

Аз рӯи масъалаи дуюм М.Ниёззода вобаста ба масъалаи интихоби раиси ташкилоти ибтидоӣ суханронӣ намуд. Бо пешниҳоди аъзои ҲХДТ Абдусатторов Алишер Азамҷонович раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии мазкур интихоб карда шуд.

Оид ба масъалаи интихоби вакилон ба Конференсияи ҳисоботӣ – интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истиқлол зикр гардид, ки мутобиқи муқаррароти тасдиқгардида, аз ташкилоти ибтидоии мазкур 2 нафар вакил ҷиҳати иштирок дар Конференсия бояд интихоб карда шавад. Бо пешниҳоди аъзоёни ҳизб 2 нафар фаъолон ҳамчун вакил интихоб карда шуданд. Бояд қайд кард, ки дар рафти маҷлис аз рӯи дигар масалаҳои зикршуда, қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Ҳамзамон М.Ниёззода доир ба масъалаи иҷрои нақшаи обуна ба рӯзномаҳои «Минбари халқ» ва «Сухани халқ», ки ҳамасола ташкилоти ибтидоии «Маркази саломатӣ» яке аз аввалинҳои шуда иҷро намуд изҳори миннатдорӣ баён намуда, бо итминон қайд карда шуд, ки соли равон низ ин иқдом саривақт роҳандозӣ хоҳад шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *