Рубрики
Асосӣ Мақола

ИСТИҚЛОЛ: Сулҳ маҳаки аслии рушди тамаддунҳост!

АНДЕША: Рӯзи ваҳдати миллӣ барои мардуми  куҳанбунёди тоҷик ва халқи азизи Тоҷикистон дар давраи нави давлатдорӣ на танҳо ҳамчун ид, балки рӯзи баҳам омадани миллат, асос гузоштан ба сулҳу оромӣ, муттаҳид гардидани ҷамъи парешонгашта, оғози рӯзҳои нек, итмоми ҳисси бадбинию интиқом ва давраи рушди куллии соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи кишвар маҳсуб меёбад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониашон қайд намуданд, ки «Аз баракати сулҳу оромӣ мо нақшаҳои худро доир ба пешрафти босуботи кишвар, ободониву созандагии Ватан ва зина ба зина беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагии мардум дар доираи чор ҳадафи стратегии миллӣ муайян ва муттаҳид намудем, ки имрӯз бо дастгирии самимона ва саъю талоши ватандӯстонаи халқамон дар ҷодаи амалӣ гардонидани онҳо бо қадамҳои устувор пеш рафта истодаем.

Дар ҳақиқат  аз баракати  сулҳу суботи комил дар кишвар ҳама соҳаҳои мухталиф рушд намуданд ва мардум ба  ҳаёти осоишта ва рушди хостаҳои хеш расиданд, ки мо ба чашми сари худ дида истодаем ва барои ин  арзишҳо ва муқаддасот мардуми кӯҳанбунёди мо арзанда ҳастанд.

Вазъи имрӯзаи Ҷаҳон, бетартибиву низоъҳо дар кишварҳои мухталиф, нооромӣ ва  ҷангҳо, ки рафта истодааст кас дида дар ҳайрат мемонад, ки оё инсони огоҳ аз хатари ҷанг боз даст мезанад ба ҷанг. Маълум ҳаст, ки қудратталабии абарқудратҳо дар  кӯраи Замин идома дорад. Файласуф Шарий дар китоби хеш навиштааст, ки вақте ки сулҳ вуҷуд дорад, тиҷорати ҷанг ба ҳар ҳол аз байн меравад ва ҷанг як тиҷорати бузург аст. Абарқудратҳо аз он фоида мебинанд. Мутаассифона дар ин миён сарзаминҳои дигар пайи  таҳдидҳо қарор мегиранд. Умуман халқи осоишта вафт меёбад.  Ба ҳамин хотир нависандаи чехӣ К.Чапек дар  маҷмӯааш доир ба  ҳаёти инсон навиштааст, ки  ҷаҳони муосир ба нафрат ниёз надорад, ба вай ирода лозим аст, ба ризоият, ҳамкорӣ ва фазои хеле хуби ахлоқӣ ниёз дорад.

Ё дигар нависандаи чехӣ Амос менависад, ки ҷангҳо бояд ҳамчун рамзи ҳайвонӣ рад карда шаванд, зеро инсондӯстӣ ба одамон мувофиқ аст. Ҷанг не, балки сулҳ, ҳадафи куллии ҳаёти инсон бояд ба шумор равад. Гандии бузург низ гуфтааст, ки қудрати бар сулҳ асосёфта аз қудрате, ки тавассути таҳдидҳо ба даст меояд, ҳазор маротиба муассиртар ва пойдортар аст. Агар шумо одат карда бошед, ки одамони дигарро бо таҳдидҳо идора кунед, онҳо аз тарс итоат мекунанд, на аз рӯи эҳтиром ё нигаронӣ нисбати шумо. Ин роҳи осоишта нест.

Ҳамин аст, ки Ваҳдати миллӣ дар кишвари азизи мо низ дар натиҷаи гуфтушунидҳои меҳанпарварона ва инсондӯстонаи фарзандони фарзонаи миллат, хоссатан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба миён омадааст. Ҷойи дигар Гандӣ мефармояд, ки ман фаҳмиш ва хостаҳоеро мехоҳам ва эҳтиром мекунам, ки сулҳ мехоҳад ва сулҳ меорад. Бахшишу авфҳои пай дар пай, ки давоми давраи истиқлол дар кишвари мо ба миён омадааст, натиҷаи ҳамон сиёсати бар муҳаббат ба мардуми ин сарзамин рӯйи кор омад. Маҳатма Гандӣ дар ин маврид мефармояд, ки қобилияти бахшида тавонистан дар зеҳн ва фаҳмиши инсонҳои бузург мавҷуд аст.

Мутаассифона, як гурӯҳ аз душманони миллат то имрӯз аз ин сиёсати оқилона танқид мекунанд ва душманӣ доранд. То ҳатто як тарафи дигари сулҳ ҳизби террористии наҳзат ва нухбагони онро мешуморанд, ки хатост. Агар ба таҷрибаи сулҳи ҷаҳон назар афканем эълони итмоми ҷанг, ташкили сулҳ ва дигар чораҳо бо гурӯҳҳои мухолиф баста мешавад, барҳақ бузурге фармудааст, ки мо бо душманон сулҳ мекунем, на бо дӯстон, ки ин дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар собит ёфт ва сулҳу муттаҳидӣ бо роҳи даъватҳои  меҳанпарваронаи Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва хизматҳои шоёни он кас ба миён омад. Мухолифони мо ҳеҷ вақт тарафдори сулҳ набуданд ва имрӯз ҳам нестанд. Мутаассифона наҳзатиҳо, ки дасти бевосита дар ин куштору харобкориҳо доштанд, боифтихор аз «нақши асосӣ»-ашон дар бастани сулҳ гап мезананд. Шарм дар назди виҷдон, шарм дар назди арвоҳи он саду ҳазоре, ки қурбони мансабталабӣ ва ҳукуматхоҳии эшон гаштанд, бояд дошта бошанд.

Хулосаи ман ҳамин аст, ки Рӯзи Ваҳдати миллӣ иди мардуми бонангу номус ва меҳанпарвари Тоҷикистон аст, на иди гумраҳону ифротгароён. Ин Ҷашни муқаддас иди онҳоест, ки  ин сарзаминро дӯст медоранд ва 25-солагии ин Рӯзи муқаддас муборакашон бошад.

Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Истиқлол                                                           Муҳаммад Ниёззода

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *