Терроризм ва экстремизм аз падидаҳои номатлубтарин дар ҷаҳони имрӯза маҳсуб ёфта, ҳамчун вабои аср ба масъалаи глобалии ҷаҳони муосир табдил ёфтааст. Боиси таассуф аст, ки ин вабои аср дар бисёр давлатҳои олам, алалхусус давлатҳои мусулмоннишин доман густурда, зиндагии мардуми осоиштаро ба ҷаҳаннам табдил додааст. Саркардаҳои ин гуруҳҳои ифротӣ аз бедонишиву сустиродагии қисме аз ҷавонон то ҳол ҳам истифода мебаранд, ки садҳо ҷавонон то имрӯз ба коми оташ сарнагун ва аз ҳаёт маҳрум гардидаанд. Пӯшида нест, ки ин гуна ҷавонони ноогоҳу худношинос дар байни ҷомеаи мо низ гоҳе зуҳур ёфта, ба доми фиреб ва ба ҳар гуна равияҳои ифротӣ шомил гардидаанд ва куллан бесарнавишт дар биёбонҳои давлатҳои Ироқу Шом ё мурдаанд ё бардагӣ мекунанд. Ин гумроҳшудагон аз надоштани ҷаҳонбинии илмӣ ва динӣ, нодуруст истифода намудани шабакаҳои иттилоотӣ (интернет), нодида гирифтани самараи истиқлолият, сулҳу субот ва оромӣ дар мамлакат ба ин бало гирифтор шудаанд. Лозим ба қайд аст, ки надоштани саводи кофӣ ҳамеша дар пайи худ ҷаҳолату бозмондагӣ ва рӯ овардан ба хурофотро ба бор оварда, сабабгори зуҳур намудани экстремизм ва терроризм мегардад. Чунин масъалаҳоро ташкилот ва ҳизбу ҳаракатҳои эксремистӣ ба хуби дарк намуда, онро барои расидан ба мақсадҳои ғаразноки гурӯҳҳои худ кайҳо боз истифода мебаранд. Мисоли равшани онро мо дар ҳодисаҳои давлатҳои Ироқу Шом шоҳид гардидаем. Ногуфта намонад, ки то ба ҳол тавассути сомонаҳои иҷтимоӣ, чанде аз хоинони ватани мо, ба монанди М.Садриддин ва дигар ҳамақидаҳои ӯ бо роҳандозӣ намудани барномаҳои иғвоангези худ мехоҳанд дар тафаккури ҷавонони мо тафриқаву низоъ ва як навъ бадбиниро нисбати халқу миллати худ ҷой диҳанд. Ин оқипадарон ҳамарӯза кӯшиш менамоянд, ки Тоҷикистони имрӯзаро ба солҳои навадум ё ба шабеҳи Афғонистони имрӯза табдил дода, бо қонунҳои ғайришаръии худ хуни мардуми одиро то қатраи охирин бинӯшанд. Ин баргаштабахтон, ки бо чашми хирад имрӯза рушди ватани моро намебинанд ва ё аниқтараш намехоҳанд бубинанд, ҳанӯз ҳам бо ақидаҳои нопоки худ дар каллаҳои худ хаёлҳои хом мепарваранд. Гуфтан ҷоиз аст, ки ин нохалафоне, ки аз канори поки ин Ватан раставу имрӯз бар ин Ватан санг мезананд бадтар аз ҳама гуна душман барои миллати мо мебошанд. Зарур аст, ки ҷавонони имрӯзаи ҷомеаи мо бояд донанд, ки ҳадафҳои Кабириву дигар ҳаммаслаконаш танҳо ба хотири ноамн кардани ҷомеаи ороми мо буда, ҳеҷ амали хубе дар кирдори онҳо нест. Аз ин рӯ, ҷавононро зарур аст, ки аз шароитҳои мусоиди таълиму тарбия истифода бурда дониш омӯзанд, фирефтаи ҳар гуна фитнаҳои душманони миллат нагарданд, аз амалҳои номатлуб даст кашида барои ояндаи неки худ талош намоянд. Дар чунин вазъияти ноороми ҷаҳонӣ, масъулият ва рисолати шаҳрвандии мо аз он иборат аст, ки якпорчагӣ ва истиқлолияти Тоҷикистони азизамонро аз чунин паёмадҳои манфӣ эмин нигоҳ дорем. Ҳамчунин бо мақсади пешгирии фаъолияти экстремистӣ ҳар яки мо шаҳрвандони ин сарзаминро зарур аст, ки дар мубориза бар зидди экстремизм аз тамоми имкониятҳои мавҷуда, аз ҷумла, тарбия намудани ҷомеаи солим, эҳтиром гузоштан ба муқаддасоти миллӣ, худшиносии миллӣ ва ғайра самаранок истифода намуда, якдилона барои пешгирии ин вабои аср саҳмгузор бошем. Ш. Исозода-раиси ташкилоти ибтидоии «Фарҳанг»-и КИ ҲХДТ дар шаҳри Истиқлол