Рубрики
Uncategorized

Истиқлол: Ҳар ки хандонад ятими хастаро

Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар остонаи  таҷлили ҷашни  Наврӯзи байналмилалӣ дар пайравӣ аз иқдомҳои наҷибу ғамхоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ба ғамхорӣ фаро гирифтани ятимону кул дар шаҳри  Истиқлол имрӯз аксияи вилоятии «Ҳар ки хандонад ятими хастаро» ташкид гардид, ки бо дастгирии  роҳбарони ташкилотҳои ибтидоии соҳаи маориф панҷ нафар ятимону кул ва  панҷ нафар кӯдакон аз оилаҳои эҳтиёҷманд аёдат карда шуда, тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд. Зимни мулоқотҳо таъкид карда шуд, ки  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аёдати шахсони яккаву танҳо, табақаҳои ниёзманди ҷомеа, ғамхорӣ ба ятимону бепарасторонро аз фазилатҳои неки инсонӣ меҳисобанд ва дар ин замина давоми солҳои истиқлолият бо мақсади нигоҳубини ятимон ва дар шароити хонаводагӣ ба воя расонидани  кӯдакону наврасон садҳо нафар кӯдак аз ҷониби шахсони хайрхоҳ ба фарзандӣ қабул карда шудаанд ва шахсоне, к ибо меҳру муҳаббати беандоза ва эҳсону парастдорӣ таълиму тарбияи  кӯдакони ятимро ба ӯҳда гирифтаанд, амали савоберо ба анҷом мерасонанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *