Рубрики
Асосӣ

ИСТИҚЛОЛ: “ҲХДТ -БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ”

Тибқи нақшаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр, бахшида ба ҷашни 30 – солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, санаи 26-уми феврали соли равон дар  ташкилоти ибтидоии “МТМУ №2” хониши сиёсӣ дар мавзӯи “ҲХДТ “Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум”” ташкил ва гузаронида шуд, ки дар он муовини якуми Раиси шаҳр М.Алабердиён, Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Истиқлол Н.Разоқова, муовини Раиси КИ ҲХДТ М.Бурҳонов, намояндаи бахши маориф М.Ҷарқинова ва раиси ташкилоти ибтидоии мазкур Ш.Аҳмадзода ширкат варзиданд.

Рафти баромад  Н.Разоқова доир ба Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва ҳадафҳои он, ки таҳкими истиқлолияти давлатӣ, амнияти миллӣ, рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва дигар  самтҳои рушди давлатдорӣ ва ҷиҳати сазовор таҷлил намудани ҷашни  30 – солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон суханронӣ намуданд.

Ҳангоми сӯҳбат бо иштирокчиёни чорабинии мазкур М.Алабердиён дар бораи таҳлили самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии давлат, дурнамои рушди иқтисодиёт, пастшавии сатҳи камбизоатӣ, дастгирии соҳибкорӣ, таъмини нафақа ва дигар мавзӯъҳои Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баромад намуд.

Ҳамзамон дигар тарғиботчиён оид ба дастовардҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо сарварии Раиси муҳтарами ҳизб дар даврони Истиқлолият, пешравиҳо дар самтҳои мухталифи хоҷагии халқи кишвар, фазои оромиву тинҷӣ ва сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои миллию динии сокинон  ки бо хидматҳои шоёни Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба миён омадаанд маърӯза намуданд.  

Суратгузориш аз рафти хониши сиёсӣ:

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *